Хабарҳо АНҶОМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On May 17, 2024 0 Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ Мусобиқаи футболи хурд дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз санаи 16 то 17 май гузаронида шуда истода буд, ба анҷом расид. Ин мусобиқа пур аз лаҳзаҳои дурахшон буд ва ба ҳамагон таассуроти фаромушнашаванда бахшид. Чорабинии бахшида ба қабули пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гаштани 25 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, дар сатҳи олӣ баргузор гардида, ба ҷашни воқеии варзиш, илм ва тиб табдил ёфт. Дар давоми тамоми мусобиқа дастаҳо ба бозӣ омодагӣ ва шавқу ҳаваси баланд нишон доданд. Ғолибони ҷои сеюм, дастаҳои коллеҷҳои тиббии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Кӯлоб буданд, ки дар тамоми вохӯриҳо суботкорӣ ва маҳорат нишон доданд. Давраи ниҳоӣ, ки чашми тамоми тамошобинон ва иштирокчиён ба он духта шуд, бозии ҳақиқии варзиширо пешкаш кард. Дастаҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар муборизаи шадид ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ ҷои аввал ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷои дуюм насиб гашт. Имрӯз маросими пушидашавии чемпионат барпо гардид ва ба ин чорабинии калони варзишӣ ҷамъбасти сазовор гардид. Ҳайати тадорукоти мусобиқа ғолибонро бо медал, ҷом, ифтихорнома ва дипломҳо сарфароз гардониданд. Бозингарон ва дарвозабонони беҳтарини мусобиқа низ барои дастовардҳои барҷаста ва саҳмгузорӣ дар муваффақияти дастаҳои худ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд. Ҷоиза ва туҳфаҳоро ба беҳтаринҳо раёсати кумитаи тадорукоти чорабинӣ, сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёскати кадрӣ ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ С.Ҷ. ва директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С. супурданд. Мусобиқа на танҳо беҳтаринҳоро ошкор кард, балки ҷомеаи варзиширо дар байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ тақвият бахшида, аҳамияти фаъолияти ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солимро таъкид намуд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба инкишофи коллектив ва дустию хамкорӣ мусоидат намуда, ин барои кормандони ояндаи тиб махсусан муҳим аст. 0 Мубодила кардан