Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ ОБИ ТОЗА

Истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд. Об- сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва некӯаҳволии мардум ба шумор рафта, дар ҷаҳони имрӯза новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ назарас аст. Яке аз сатҳҳои олие, ки дар замони муосир чунин ҳамкориҳоро ба роҳ меандозад, ин СММ ба шумор меравад.

Боиси ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳантамаддуни мост, ки аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гардад ва чандин маротиба тавонистаст, ки бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста ҷумҳурии моро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хоса дар ҳалли мушкилоти сайёра намудор сохтаанд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи «Соли умумиҷаҳонии оби тоза» эълон намудани соли 2003 аз ҷониби кулли давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз дастгирӣ ёфт ва Даҳсолаи байналмиллалии  амалиёти «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) эълон гардид.

Дар ҷаласаи 71-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул гардид. Ба ҷонибдории он 193 давлати аъзои ин созмон раъй доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.

Ин аз он гувоҳи  медиҳад, ки Тоҷикистон бо маҳорати хеле қобили таваҷҷуҳ дар мавриди тадбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ кӯшиш намуда, пайваста дар тадбиқи барномаҳои зикрёфта саҳми худро мегузорад, ки аз тадбиқи онҳо на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик метавонанд манфиатдор бошанд. Бинобар ин дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 махсусан баён шудааст: «Тадбиқи барномаҳои зикршуда  бо таъкиди он ки, манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд».

Зарурати қабули Катъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро СММ ба он нигарониҳои умумибашарие асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Аз ҷумла, дар Қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад».

Дар он барои дар амал тадбиқ гаштани ҳадафҳои худ таҳия ва андешидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ пешбинӣ шудаанд. Дар тадбиқи ин иқдом сокинони диёри мо бояд аз худ ташаббусҳои назаррас анҷом диҳанд. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки: «расидан ба ин ҳадафҳо бояд аз ҳисоби мукаммалгардонии истеҳсолот ва паҳн кардани дониш, осон намудани дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави марбут ба ҳадафҳои рушди устувор, амалисозии фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ташкили шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти субъектҳои гуногун ба манфиати тадбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор вобаста ба захираҳои обӣ, бо назардошти ташаббусҳои мавҷуда, ҳамчунин таҳкими фаолияти коммуникатсионӣ дар сатҳои гуногун ба манфиати тадбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ таъмин гарданд».

Ҳамин тариқ, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул намудааст, ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Ин иқдом эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масълаҳои умумибашарӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҷаҳон боло мебардорад.

Омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумхуриявӣ” Шарипова Лутфия Давлаталиевна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.