Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШАККУЛ ВА ТАҲАВВУЛИ АНДЕШАИ БАДЕИИ ЛОИҚ

Дар мақола масъалаи ташаккули андешаи бадеии шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ, ки ба нақши инсон равона карда шудааст, баррасӣ мегардад. Давраи эљодиёти шоир дар заминаи бозёфтҳои бадеиаш давраи эҷодиёт ва зоҳиршавии фардияти миллӣ – бадеии ў дониста мешавад.

Калидвожаҳо: Бозҷустҳои бадеӣ, андеша, андешапарварӣ, ғиноӣ-лирикӣ,  ҳамовардон, шеър, Лоиқ, Шакӯри, ғазал, рубоӣ.

Муайян намудани давраҳои ташаккул ва таҳаввули андешаи бадеии Лоиқ, пеш аз ҳама ба шинохт ва арзёбии зинаҳои пайдоиш ва рушди ормонҳои миллӣ ва умумиинсонии ӯ алоқаманд мебошад. Дар ин равиш яъне шинохти ҳадафи ҳунар, аз ҷумла шоирӣ Лоиқ идеали худро дошт. Аз нигоҳи ӯ ғараз аз шоирӣ ин аст, ки зиндагии инсонро пурмоя ва зебо созад. Ҳар шоире, ки воҷиди ин маънӣ набошад ва ин манзурро анҷом надиҳад, мисли ин аст, ки маъмурияти азимашро анҷом надода бошад. Аз нигоҳи ӯ агар ҳунар, бахусус шеър, ба тамомият ва камоли зиндагӣ кумак накунад ва барои инсонро дар ҳалли мушкилот гиреҳеро накушояд ва роҳи ҳидояте ба рўи вай боз накунад, корест беҳуда ва бемаънӣ.

Аз оғози фаъолияти эҷодӣ то поёни умраш «рисолати шеъри Лоиқ даъват ба инсоният аст. Ҳангоме, ки рўзноманигоре  аз вай пурсида буд, ки  муродаш аз гуфтани шеър чист, ҷавоб дод, ки «одамиёнро ҳушёртар, бедортар,зеботар кардан. Шинохтани одаме ва шиносондани одаме ба худаш, ӯро дар рӯ ба рӯи худаш қарор додан, ботинашро дар оинаи тасвир нишон додан»[9, 612].

Лоиқ байте  низ дорад, ки ин маъниро дар қолаби назм ифода мекунад:

Шеър гуфтам барои он ки шумо

Қадри худро дуруст бишносед  [ 4, 250 ].

Дар заминаи ташаккули дидгоҳҳои бадеии Лоиқ эҷодиёти ӯро метавон ба се давра тақсим кард. Давраи аввал марбут мешавад ба охири солҳои панҷоҳум ва солҳои ҳафтодуми асри гузашта: давраи дувумро метавон ба оғози солҳои ҳаштодум то ибтидои навад марбут донист ва ниҳоят аз ибтидои солҳои навад то поёни умри шоир давраи сеюми эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад.

Давраи аввал, яъне охири солҳои панҷоҳум ва солҳои ҳафтодумро метавон давраи ташаккули эҷодиёт ва зоҳиршавии фардияти миллӣ, бадеӣ ва ҳунарии шоир шинохт. Ин давраи эҷодиёти шоир бо хусусияти хосси поэтикӣ ва фасоҳату балоғат, ки реша дар тафаккури бадеии миллӣ дорад, фарқ мекунад. Ин давраи ҷустуҷўҳои эҷодии Лоиқ ба замони зуҳури дигаргуниҳо дар адабиёти тоҷик, бахусус шеър  рост меояд. Ин тағироти чашмрас «аз таваҷҷуҳи шоирон ба тасвири ҳаматарафа ва доманадори олами бои маънавии инсони муосир, ҷаҳони мураккаби он, мавқеи вай дар зиндагӣ, муносибати вай ба табиат, ба дарки маънии зиндагӣ ва диалектикаи инкишофи таърихи халқу кишвар, аз ҷумла корномаю диловариҳои фарзандони он; баёни ибратбахши саҳифаҳои дурахшону драматикии собиқи он, маданияти гузашта ва имрӯзаи вай; тадқиқи ҷиддӣ ва амиқи ҳаёти реалӣ; дахолати фаъолона ба воқеияти муҳимми рӯз иборат мебошад»[3,64]. Ин воқеияти ҳаёти адабӣ ба афзоиши андешапарварӣ дар шеър (ва нафаќат шеър) мусоидат намуд ва тағйироте дар усули тасвир ва дарки бадеии таърих ва сарнавишту халқ низ ворид сохт. Яъне «андешаҳои мураккаби пай дар ҳам, андешапарварии пурҳиссёт, ки аксаран муҳтавои иҷтимоӣ ва гоҳ мазмуни фалсафӣ дошт, ривоҷ ёфт. Қањрамони ғиноӣ (лирикӣ)-и шеър дар сари мушкилтарин ва дардноктарин масъалаҳои зиндагӣ бо изтироб андеша меронд»[7,426]. М.Шакурӣ баъд меафзояд, ки «Андеша дигар бо диди синфӣ маҳдуд набуд, нафақат ба синфиятгароӣ, ки нисбатан коҳиш меёфт, балки бар чашмандози густурдатаре, ки арзишҳои башариро ҳар чӣ бештар дар бар меоварад, бунёд ёфта  буд»(7,426) Чунон ки мебинем, муҳаққиқ дар масъалаи бо диди синфӣ маҳдуд набудани адабиёт як андоза муболиға кардааст. Албатта дар ин солҳо,чунон ки ишора ҳам рафт, усули тасвир то ҷое тағйир ёфт. Бозҷустҳои бадеӣ ба дарки тозаи таърих асос ёфт, ки барои амиқбурди худогоҳии миллӣ заминагузор омад. Яъне ин дигаргунӣ якбора ба амал наомадааст, балки ҳосили кушишҳо ва ҷасоратҳои инсонӣ ва ҳунарии шоирони ҷудогона  мебошад, ки дар саргаҳи он Лоиқ Шералӣ меистод. Бесабаб набуд, ки шеъри Лоиқ ва тарзи идроки бадеии ӯ диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда, доир ба хусусиятҳои хосси тафаккури бадеии ӯ баъзе  мулоҳизаҳо баён кардаанд. Аз ҷумла  Муҳамадҷон Шукуров(М.Шакурӣ) аз нахустмаҷмўаи шоир «Сари сабз» истиқбол карда, навишта буд ки «аз шеърҳои маҷмўа тапиши дили софу беғубори ҷавоне шуруъ мешавад. Шеъри Лоиқ пур аз ҳаяҷон аст, ки аз ҳар мисраи он ҳис карда мешавад ва аз ин ҷиҳат ба шеърҳои шоири шаҳид Ҳ. Юсуфӣ ҳамоҳангӣ дорад»[6,210]. Баъдтар ҳамин донишманд дар як мақолааш «Тафаккури таҳлилӣ ва амиқрафти реализм» баъзе хусусиятҳои тафаккури бадеии Лоиқро муаян карда, дар замина ба андешапарварӣ ва ҳикматомезии осори ӯ, ки қаробати шеъри ӯро бо шеъри классикӣ нишон медиҳад, сухан меронад [8,128].

Чунонки мебинем дар ҳамин давраи аввали эҷодиёташ, ки онро метавон зинаи асосии пайванди ҳунарӣ ва маънавии идеалҳои ҷовидонаи умумиинсонӣ ва миллӣ дар ягонагии комил шинохт, Лоиқ роҳи худро муайян кард. Ба ифодаи дигар ҳадафҳои олии ғоявӣ, ки маҳдудияти миллӣ надорад,ба тору пуди эҷодиёти ӯ пайванд  мегирад. Ин масъала барои шоири тавоно мавзӯъ набуд, балки «фазилат ва ҳадафи иҷтимоӣ, ғоявию зебоишинохтӣ» буд, ки минбаъд роҳу равиши ӯро дар интихоби мавзӯъ ва масоили дигари зиндагӣ муайян кард. Лоиқ чунин роҳро замоне шинохт ва идеали ҳунарии худ қарор дод, ки адабиёти тоҷик зери таъсир ва роҳнамоиҳои  идеологияи ҳокими табақотии каммунистӣ қарор дошт ва як қадам ҳам аз фармуди ин идеология берун рафта наметавонист.Ин идеология масъалаҳои миллӣ ва умумиинсониро низ синфӣ мешинохт ва бунёди эстетикии адабиёт бар ҳамин идеалогия асос ёфта буд. Ба ифодаи сареҳтаре «бунёди эстетикии адабиёти аҳди Шӯравӣ бисёр сода аст, дар адабиёт ҳақиқати воқеӣ, он чунон ки ҳаст, бояд тасвир шавад. Талаботи қатъии ҳаққонияти тасвир моҳиятан хилофи қонунмандии эҷоди бадеист, зеро ҳаққоният дар адабиёт бунёди ҳунарист, на воқеӣ.  Ба Фирдавсӣ наметавонам даъво дошта бошам, ки масалан чунину чунон рафтори Рустам ҳаққонӣ нест, чунки ба воқеият муродиф наомадааст. Лекин талаби ҳақиқат ё ҳаққоният дар адабиёти  Шӯравӣ асоси таълимотӣ ва назарӣ ҳам дошт. Воқеиятро аз мавқеи мафкурӣ, назари илмӣ ва таълимоти идеологии каммунистӣ ба тасвир овардан айни ҳақиқат дониста мешуд. Дар натиҷа назари субъективӣ ва диди қолабӣ сатре бар болои шинохти андешамандонаи тахайюлии ҳунарӣ гардид. Ҳақиқати дархостии ин эстетика амалан қолаби сохтаи воқеияти сотсиалистӣ ва ғайри он буд ва чун воситаи тарғиби идеологияи ҳоким хидмат мекард»[5,53].

Лоиқ дар ибтидои солҳои шастуми асри бист ба адабиёт ҳамчун шахсияте ворид шуд, ки аз талаботҳои синфиятгароӣ фаротар по гузошта, дар дохили ҳамин назарияи «Эстетикаи тасвири ҳаққонӣ» равиши хосси шоирии худро вазъ намуд ва андешаи бадеиаш тадриҷан бо ҳамин роҳ инкишоф ёфт. Лоиқ тавонист ба воқеият пироҳани худӣ пӯшонад ва ба ин васила андешаи хоси  бадеияшро, ки моҳияти миллӣ, умумиинсонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дорад, баён кунад. Ӯ, ки соҳиби назари хос буд, бо ифодаи вазъи рӯҳия ва шавқи худӣ андеша ва мушоҳидаҳояшро ба қолаби сухани тахайюлӣ даровард ва осори мустақил ба вуҷуд овард, ки на ҳама вақт ба талаботи сиёсии замон мувофиқат мекард. Табиист, ки ин гуна роҳи эҷодии ӯ дар ҳамон солҳо боиси эътирози доираҳои расмӣ ва баъзе муҳаққиқон низ мегардад. Аз ҷумла  А. Сайфуллоев ҳамон тамоюли тозаи назари бадеии Лоиқ ва баъзе шоирони дигарро дар мақолаи «Садои лирикаи гражданӣ» беадолатона  маҳкум карда буд.

Лоиқ дар доираи талаботи мафкуравии замони зиндагияш тавонист осори арзишманди ҳунарӣ ба вуҷуд оварад. Агар ин ҳақиқатро дар мисоли эҷодиёти Лоиқ мо эътироф ва арҷгузорӣ накунем, он вақт кӯшишҳои баъзе адибони дигар, аз ҷумла С.Улуғзодаро низ дар офаридани осори мондагор нодида гирифтагӣ ҳисоб мешавем.

Бинобар ин ҳам, давраи аввали эҷодиёти Лоиқ, ки ба «авҷи низоми булшивикӣ, он ҳам аз дили як ҷумҳурии кӯчаки осиёӣ»[2,190]  рост меомад, хусусияти ҳаммонанд ба он чи дар боло гуфта шуд дошт. Лоиқ аз камназиртарин шоире буд, ки аз мафҳумҳои тангназарона фаротар рафта, ба зулоли ваҳдатхоҳи ва ягонагиҷӯӣ  ва бозгашт ба асли худу асолати ҳунарӣ расид. Он ҳам дар замоне, ки исми ҷамъи халқи саветӣ василае буд барои зудудани ёдмонҳои миллӣ, хотираи миллӣ ва таҷзияю таҳрифи таърих.  Ҳатто агар мавзӯоти индавраинаи эҷодиёти шоирро мушаххас кунем, боз ҳам бармегардем ба таъкиди ҳуввияти шоирӣ ва ҳунарии ӯ. Х. Шарифов осори шоирро дар атрофии се мавзуъ дастабандӣ кардааст, ки иборат мебошад аз «муҳаббат ба шеър ва завқи суханварӣ; муҳаббат ба ватан ва ҳуввияти миллӣ; ва ишқу муҳаббати табии мардумӣ [5,54]. Ҳамон шеъри аввалини  ў«Ном»,ки зикраш рафт аз мустақилияти фикрию ҳунарӣ ва таҳаввулоти назарии ӯ ба зиндагӣ ва масоили марбут ба ҳастии инсон башорат медод. Муҳимтарин чизе, ки дар ин шеър шахсияти ҳунарии Лоиқро мушаххас мекунад, андешаи бадеӣ мебошад, ки дар заминаи бардошти воқеӣ ба сурати осори адабӣ даромадааст.

Дар тавсифи шеъри «Ном» адабиётшинос Ю. Акбаров навишта буд, ки  нахустин шеъраш «Ном»(«Шарқи сурх»,1959) ба тасвири воқеию мушаххаси солҳои бачагӣ роҷеъ ба масъалаи ҷовидонӣ ёфтан рўи сангҳо номи хешро навиштани худу ҳамсолон навишта шудааст. Шоири ҷавон дар ин шеър ҳамсолони хешро даъват карда буд, ки танҳо бо роҳи хидматгузори ба халқ ва ба ин васила номи хешро дар қалби мардум бинвиштан («Номи худ бинвис ба қалби мардумони бовафо», Умри ҷовидонӣ ёфтан мумкин аст»[1,6]. Дар замина шеъри дигари Лоиқ «Биё, эй қосиди комун»(«Тоҷикистони саветӣ; 27-декабри соли 1959),ки низ аз аввалин шеърҳои уст, дар ҳамин равиш ва таъкиди ормонҳои ҳунарияш гуфта шудааст ва бозгӯкунандаи хусусиятҳои таҳаввулоти назарӣ ва бадеии андешаи шоир дар давраи аввали эҷодиёти ӯст. Ин шеър, чунон ки Ю.Акбаров таъкид кардааст, ба наҳве маромномаи шоир ҳадафҳои адабӣ ва эстетикияшро муаян мекунад. Дар оғози роҳи эҷодияш таъкиди шоир бар ин буд,ки шеъри ноби зиндагиофарину сарнавиштсоз»[1,6] биофарад. Дар шеъри «Қарз» бошад ҳадафҳояш мушахастар шуд, ки гувоҳи таҳаввулоти назарии ӯ низ ҳаст. Шоир дар ин шеър худро дар назди таърих, миллат ва инсоният масъул мешиносад, вале андешаи бадеиаш ҳамоно аз воқеияти рӯзмара, нусха мегирад. Яъне тафаккури бадеии ӯ таҳҳо ба воқеият такя дорад, ки ин зери дидгоҳҳои зебоишинохтии он замон шакл гирифтани ҳунари  шоирии ўро собит мекунад.Мувофиқи талаботи назарияи зебоишинохти давр «Шеър бояд аз воқеият ва ҳақгӯёна, наву тоза дар мавзӯъ ва хуб бошад. Ба ғайр аз ин се рукн –ҳақиқатгӯӣ, навии мавзӯю хубӣ дар он солҳо дар афкори адабии тољикӣ шарти конкрет гуфтан ҳам пайдо шуда буд. Талаби шеъри конкрет гуфтан як навъ аксуламал ва ҳатто эътироз ба умумигўии назми солҳои сиюм то панҷоҳуми садаи бистуми мелодӣ буд. Шеърҳои ташвиқотӣ ва тарғибҳои манзуми сиёсӣ, ки аз шиоргузориҳои маъмулиӣ иборат буданд, ба илати якрангию такрори зиёди мавзӯю матлаб, орӣ будан аз ҳунару санъат,зеро чунин ашъор эҳтиёҷи зиёд ба ҳунармандӣ надошт, ба гӯшу ҳуши мардум масмуъ намеафтод. Онҳо аксаран сухани манзуми васфӣ буданд.Сурудани ин шеърҳо аз аввали аҳди Шӯравӣ ба мақсади омиёна кардани шеър оғоз ёфт ва то замони оғози шоирии Лоиқ ба мақоми волои худ расид»[5,54].Ин ҷараёнро  Лоиқ ва баъзе ҳамовардонаш (ифодаи Лоиқ) ба беҳӣ тағйир доданд.Ниҳоят шеъри тоҷик дар огози солҳои шаст, ки ба давраи аввали ээодиёти шоир рост меояд тадриҷан аз ҷиҳати сират дигар шуда, мазмун, зарбу оҳанг, фасоҳату балоғати он рӯ ба беҳӣ овард. Шеъри Лоиқ дар баробари назми содалавҳонаю умумӣ, нимҷон, ки мазмунашро андешаҳои маъмулу забонзада, мазмуну нақшаву оинномаҳои ҳизбу маърўзаҳои сарварон, сармақолаи  рӯзномаҳои ҳизбӣ ташкил медод»[1,7] қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, дар оғози фаъолияти эҷодияш шеъри Лоиқ аз тавсифи сатҳию беобуранги зоҳири воқеаву рӯйдод, аз шуру ҳалҳалаи даъват ба кор, аз зикри санадгунаи дастовардҳои моддию маишӣ орӣ буд. Шоир ба ҷои ин ҳама хушгўиҳои камзарф ба моҳияти рӯйдодҳои зиндагӣ, нақш ва ҷойгоҳи инсони зубда дар ҷаҳони гирудошт, армонҳои миллию умумибашарӣ таваҷҷуҳ кард. Бинобар ин ҳам ин давраи эҷодиёти уро дар заминаи бозёфтҳои бадеиаш бо итминон метавон давраи шоиронаю давраи шаклгирии эҷодиёт ва зоҳиршавии фардияти миллӣ-бадеии ӯ донист.

Дар  ин давра Лоиқ на фақат бо шеъраш, балки бо мақолаҳояш низ дар фазои фарҳангӣ ва ҷараёни шаклгирии тасаввуроти тоза оид ба воқеияту зиндагӣ ва таърих таъсир дошт.Мақолаҳои «Хўшаҳои умед» (Комсомоли Тоҷикистон, 27-феврали соли 1967),»Дар боби анъана ва русуми нав» (ҳамон ҷо, 7-уми июни соли1967), «Завқи шеър» ва ғайра ифодагари андешаҳои иљтимоӣ, фарҳангӣ ва бадеии тозаи ӯ буданд. Ин мақолаҳо масъалаи пуштибонӣ аз арзишҳои  ҷовидонӣ умумиинсонро дар диди шоир матраҳ мекарданд. Ин мавзуъ, яъне ҳимоят аз шарофати инсонӣ, ки муқаддасоти миллиро ҷузъе аз он ҷудо намедонист, дар ашъори индавраинааш низ ҷойгоҳи хос дошт. Аз ҷумла дар шеъри «Кўҳистон»  бо ҳасрат навишта буд:

 На масҷид монда, на минбар,

 Ҳама вайронаву абтар,

 Намеояд дигар бар гўш овози азонхоне.

 Ба тоқу бар равоқи  хонақоҳи бехудо  хол

 Кабутарҳои саҳро мекунанд акнун парафшонӣ…

 …Дигар расму таомулҳои аҷдодӣ фурў мурданд,

  Ки баҳри  пойдорӣ ҳар яке мўҳри худоӣ дошт.

  Ба чашми мардумони  хоксору  содаи куҳсор.

  Чу мероси азизи  модарон қадру сафое дошт.

  Вале ман  зинда хоҳам кард он расму таомулро,

  Ки бар он муҳри дасти рӯзгорон пахш  гардида.

  Ҳамон расму таомулро, ки бо он мардумони пок.

  Чашида пухтаю  хоми  ҳаёту умр варзида[4,55].

Шоири он вақт ҷавон дар ин шеър ва бисёр шеърҳои дигари индавраинааш барои ҳимоя ва зинда доштани меросе савганд мехўрад, ки фақат арзиши миллӣ надорад. Балки моҳиятан арзиши таърихӣ ва умумибашарӣ дорад. Яъне ҳифзи асолат ва фардияти миллӣ арзишҳои башарӣ пайванди таърихӣ ва ахлоқӣ дорад, ки сарфи назар аз он ба аз байн бурдани ҳуввияти ин ё он қавм дар ниҳоят беранг кардани ҳастии ҷисмонӣ ва маънавии башар меоварад.

Ниҳоят, солҳои навад ва баъди он фаро мерасанд ки дар тафаккури бадеии Лоиқ нақши худро гузоштаанд ва Лоиқ низ ҷойгоҳашро дар фаросуи адабиёти ҷаҳон ва миллӣ таъйин кард. Агар ӯ бо офаридаҳояш дар ду давраи аввалӣ эҷодиёташ мавзӯи миллӣ ва умумиинсониро дар муҳити адабии мо ба расмият дароварда, ба шаклгирии тафаккури бадеии миллӣ ва инсонгароӣ мусоидат карда бошад, дар солҳои навад ва баъди он андешаи худшиносии миллиро бо худсозиву инсонсозӣ, ҷомеасозиву сарнавиштсозӣ созиш дод ва дар маҷмуъ эҳёгар ва тақвиятбахши тафаккури танқидие гардид, ки ба таъбири М.Шакурӣ онро метавон равиши худшиносӣ ва худшиканӣ дар адабиёти навини тоҷик  унвон  кард.

Адабиёт

  1. Акбаров Ю.Нубуғи шоир ва булуғи шеър. Хуҷанд, 2003,с.218.

2.Доктор  Хушанги Толеъ. Андешаи фарҳангии шодравон Лоиќ Шералӣ.- Марсияи хуршед. – с. 190-192.

3.Сатторов  А. Шеър ва зиндагӣ. – Нуктаи пайванд. – Душанбе . Ирфон, 1982. – 63 -88.

  1. Шералӣ Л. Куллиёт.Ҷилди 1. Ашъор.- Душанбе.: Адиб, 2008.- 559 с.

5.Шарифов Х. Шоири бузург//Садои Шарқ,2001,№1-6, с.52-66.

6.Шукурӣ М. Сухан аз лирика ва мазмуни ҳастии он.-Душанбе. Маъориф – с. 183-224.

7.Шакурӣ М. Як нигоҳи умумӣ ба адабиёти тоҷики сода. М.И.Ниҳон…-с.399-433.

8.Шакурӣ М. Мактаби одамият.-Душанбе.Адиб, 1991.с.128-134.

9.Шеърдўст А. Таърихи адабиёти навини Тоҷикистон.-Теҳрон,1390.-775с.

Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

н.и.ф. Назарова Маърифат Сангинмуродовна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.