Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОН

Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад  ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.   Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳимми ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.

23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун, ки маҳз ҳамин саннаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.

Таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳаё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Аз баски насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он низ на фақат неруи демократи давлатҳо, балки хусусиятҳои таҳавулот, стратегияи тарақиёт ва ояндаи кишварҳо риоя мекунад. Маҳз ҳамин ҷамбаҳои муҳиму тақдирсози кишварамонро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро соли “Ҷвонон” эълон намуданд, вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ меорад, зеро, сиёсати ҷовонон таҳкурсии сиёсати давраи истиқлолиятро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2013-2015, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Дар ин замина таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон рӯз то рӯз афзуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд.

Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Дар баробари ин гуна дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат, имрӯз ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда қадр намоянд. Мо ҷавононро мебояд, ки амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз тамоми хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони пуртаззод эмин нигоҳ дорем.

Баъдан ҳамаи ҷавонони кишварро ба  «Шоми ҷавонӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май дар Боғи Ирам  бо иштироки васеи ҷавонони гуногункасб ва ҳунармандони маҳбуби кишвар доир мегардад, даъват менамоям.

Бигзор ҷавонони мо дар фазои сулҳу ором зиндагӣ намуда, аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ самаранок истифода намоянд ва ба қадри ин Ватани муқаддас расанд.

 

Қаландаров Некруз Ҳакимович

Мудири кафедраи”Фанҳои табиию риёзӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.