Мақолаҳо НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР НИГАҲДОШТИ СУЛҲУ СУБОТИ МИЛЛӢ Бо admin Охирин навсозӣ May 20, 2024 0 “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Эмомалӣ Раҳмон Имрӯзҳо нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин басо назаррас ба чашм мерасад. Хушбахтона, солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбати дастгирии ҷавонон бештар гардида истодааст. Бо такя бар дастгирию ҳидоятҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми неру ва қувваи худро баҳри аз худ намудани дониш ва барои ободии диёри маҳбубамон сарф намоянд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашаванд ва ҳамсолони худро аз роҳҳои бад боз дошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Зеро ҷавонон метавонанд Ватани маҳбуби худро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб нигоҳ доранд. Ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Бо дастгирии Пешвои миллат ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Воқеан, ҷавонони ҳамсоли истиқлол имрӯз мактабҳои олиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтаанд. Онҳо,ки диду нигоҳи муосир доранд, дар зудтар ташаккул ёфтани давлат ва эъмори ҷомеаи демократӣ саҳм хоҳанд гузошт. Қисмати асосии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Ҷавонон зодаи истиқлолият буда, барои ободонии диёри азизу номдорамон – Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани маҳбубамон кору пайкор хоҳанд кард. Ҷавонони имрӯза идомадиҳандаи корҳои неки насли калонсол мебошанд ва яке аз омилҳои рушди ин ё он мамлакат ҳамин аст, ки як насл бо иқдомоти неке насли дигарро иваз кунад ва дар ҳимояти арзишҳо ва идеяҳои тараққидиҳанда фаъол бошад. Ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд, чунки онҳо як неруи ҷисмонӣ ва фикрие доранд, ки аз калонсолон ҷиҳати фаҳму дарки бисёр масъалаҳо аз нигоҳи равонӣ бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ирода қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он даст зада метавонанд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Тоҷикистони азизи мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва обрӯву нуфузи худро пайдо намуда, ягонагии миллати тоҷикро муаррифӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеаро, алалхусус ҷавононро мебояд шукронаи обу хоки ин Ватани биҳиштосо намуда, баҳри ободии ин марзи муқаддас камари ҳиммат бубандад. Ба ҷавонони ҳушёру далери кишвар гуфтанием, ки ҳамеша бар он кӯшанд, то ин ки Ватани азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша ҳукмфармо бошад. Рӯзи ҷавонон ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад! Сулаймонова Ойҷонбӣ Ғуломовна – мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан