Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВИКТАРИНАИ “ҲАМАДОНИ ҲАМШИРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ” БАХШИДА БА «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲАМШИРАҲОИ ТИБ», «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲАМШИРАҲОИ ТИББИ ОИЛАВӢ» «РӮЗИ ҶАВОНОН», «ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ» ВА «СОЛИ МАЪРИФАТӢ ҲУҚУҚӢ» дар кафедраи “Тибби оилавӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ”

Ҳафтаи сипари гашта  тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида озмун бахшида ба  “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои тиб” ,  “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ ”дар кафедраи “Тибби оилавӣ”  байни донишҷӯёни факултетҳои “Асосҳои кори ҳамширагӣ” ва “Тибби оилавӣ” бо иштироки муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё,  сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти коллеҷ Қурбонов Н, мудири кафедраи “Тибби оилавӣ” Қаюмов Ф, мудири кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Давлатов А. ва инчунин деканҳо ва мудирони дигар кафедраҳо шуда гузашт.

Дар виктарина донишҷӯён аз руйи фанхои тахассуси байни ҳам рақобат намуданд. Тибқи шартҳои озмун дар санҷиши аввал ба донишҷӯён ба миқдори 5 саволи ба ҳар даста аз фанни  “Асосҳои кори ҳамширагӣ” пешниход карда шуд. Дар даври дуюму сеюм аз фанҳои ҳуқуқ ва анатомия савол пешниҳод карда шуд. Баъди иҷрои машғулиятҳои амалӣ ба гурӯҳҳо аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар анҷоми виктарина ҳакамон кӯшишҳои ҳар ду дастаро ба ҳисоб гирифта ба ҳар ду даста ғолиябиятро доданд .

Лозим ба ёдоварист, ки бо кӯшиш ва ташабусҳои бевоситаи роҳбари муаассиса шароит фароҳам оварда шудааст барои донишазхудкунии донишҷӯён, ки онҳо метавонанд ҳангоми машғулиятҳо ва бурун аз он истифода намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.