Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

“Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи чорабиниҳои кафедра санаи 16.05.2024 аз тарафи донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” ҳамоиши идона таҳти унвони “ Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат”  бахшида  ба Рӯзи ҷавонон, ки санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад, гузаронида шуд. Дар ҳамоиши идона омӯзгорони кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”, донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” ва аъзоёни созмони “Пайравони Пешвои миллат”  иштирок намуданд. Ҳамоиши идона бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас мудири кафедра бо сухани ифтитоҳӣ ба сухан баромада, ҳамаи ҷавононро бо ин ҷашнашон муборакбод гуфта, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар бузург шуморида, чунин таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”. Ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Сарвари давлат ҷавонон, алалхусус донишҷӯён бояд савияи дониши худро баланд бардошта, малакаи касбиашонро сайқал диҳанд  то ин ки дар оянда мутахассисони беҳтарини соҳаи тандурустӣ гарданд ва саҳми босазои худро дар ободкориву бунёдкорӣ ва созандагии кишвари азизамон гузоранд. Сипас донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат, Ватан, Тоҷикистон ва ҷавонӣ шеърҳо қироат намуда, рақсу таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаши ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни фаъоле, ки дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии муассиса мунтазам иштирок мекунанд, инчунин аъзоёни созмони “Пайравони Пешвои миллат” бо ифтихорномаҳои роҳбарияти коллеҷ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамоиши идона хубу хотирмон гузашт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.