Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Спартакиадаи X-уми донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04 соли 2016, № 287 оиди гузаронидани Спартакиадаи донишчӯёни Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, дар толорҳо ва майдонҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Спартакиадаи X-уми донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар асоси фармоиши мазкур аз тарафи кумитаи тадорукои Мутобиқи Фармоиши мазкур Нақша –чорабиниҳо тартиб дода шуда, ба ВТ ва ҲИА ҶТ оид ба ташкил намудани Кумитаи тадорукотӣ пешниҳод гардид. Мувофиқи Нақша –чорабиниҳо барои ҷойгир намудани иштирокчиёни Спартакиада аз Коллеҷҳи тиббии шаҳру ноҳияҳои дурдаст (вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ) тадбирҳои зарурӣ дида шуд. Донишҷӯён – иштирокчиёни Спартакиада аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ки зиёда аз 300 нафарро ташкил доданд дар хобгоҳи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шуданд. Инчунин дар рӯзҳои баргузории Спартакиада барои 600 нафар варзишгар хӯроки яквақта ташкил карда шуд. Маросими расмии кушодашавии Спартакиада бо иштироки зиёда аз 500 нафар донишҷӯён ва 600 нафар варзишгарон дар Майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Аз ҷумла дар ҷараёни кушодашавӣ “Гашти тантанавӣ”- и Спартакиадаи Коллеҷҳои тиббӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар Васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ инъикос карда шуд. Мусобиқаҳои варзишӣ тибқи Низомномаи Спартакиада, ки аз тарафи Кумитаи тадорукотӣ таҳия гардида буд сурат гирифтанд. Дар таърихи 13.05 соли 2016 тибқи Низомнома қуракашии мусобиқаҳо бо иштироки намояндагони Коллеҷҳо ва доварони мусобиқа баргузор гашта, ҷадвали тақвимии баргузории мусобиқа тартиб дода шуданд. Тибқи Низомнома мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои зерин баргузор гардид: Волейбол (писарон ва духтарон), Баскетбол (писарон ва духтарон), Тенниси рӯи мизӣ (духтарон ва писарон) ва Футболи хурд (писарон)
Натиҷаи мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳо чунин аст:

Волейбол (писарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд – ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии (ғайридавлатии) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – ҷойи сеюм.

Волейбол (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд – ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – ҷойи сеюм.

Баскетбол (писарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии н. Вахш – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ– ҷойи сеюм.

Баскетбол (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа – ҷойи сеюм.

Тенниси рӯи мизӣ (писарон)
1.Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд – ҷойи сеюм.

Тенниси рӯйи мизӣ (духтарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом– ҷойи сеюм.

Футболи хурд (писарон)
1.Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб -ҷойи аввал;
2.Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ – ҷойи дуюм;
3.Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – ҷойи сеюм.

Дар рӯзи пӯшидашавии Спартакиада ғолибон бо дипломҳо, ифтихорномаҳо, ҷомҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсисшудаи Кумитаи тадорукоти Спартакиада, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ нисбат ба солҳои гузашта хубтару шавқовар ва бонизом баргузор шуданд. Фаъолон, ташкилкунандагони Спартакиада аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Хулоса: Спартакиадаи X- уми донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд сурат гирифт. Гузаронидани Спартакиада барои мустаҳкам гардидани ваҳдат ва дӯстӣ, солимӣ ва дур шудан аз рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон зарур шуморида мешавад.

Котиби масъули Спартакиада Азизов З.А.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.