Хабарҳо ОЗМУНИ АНАТОМИКИ ҶАВОН ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ МОРФОЛОГИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 22, 2024 0 Пеш 1 то 20 саҳифа Баъдӣ Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар сатҳи дохилимуассисавӣ таҳти унвони “Ҷавонон созандаи миллат” бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” аз санаи 14 май то 18-майи соли 2024 озмуни “Анатомики ҷавон” баргузор гардид. Баргузории озмуни мазкур барои рушди донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар дохили муассиса муҳим аст. Чунин чорабиниҳо ҳавасмандии омӯзишро таҳрик дода, омӯзиши амиқ дар ин ё он мавзӯъро ҳавасманд мекунанд ва ба дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд, ки метавонанд дар соҳаи худ пешсаф шаванд, мусоидат мекунанд. Мусобиқаҳо муҳити солими таҳсилро ба вуҷуд оварда, дар он донишҷӯён кушиш менамоянд, ки донишу маҳорати худро нишон диҳанд, ки ин дар навбати худ дараҷаи умумии омодагии мутахассисони тибби ояндаро баланд мебардорад. Илова бар ин, иштирок дар озмунҳо дар ташаккули тафаккури интиқодӣ, малакаҳои илмӣ ва амалӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи рушди касбӣ ва омодагии онҳо ба амалияи воқеии тиббӣ мебошад, мусоидат мекунад. Дар озмуни мазкур танҳо донишҷуёни бахшҳои 1 ва 2-юм иштирок намуда, он дар 3 давр баргузор гардид. Марҳилаи санҷиши тестӣ, марҳилаи шифоҳӣ, марҳилаи эҷодӣ ва умумӣ. Ҳайати ҳакамонро омӯзгорону кормандони собиқадор ва соҳибтаҷриба ташкил медод, аз ҷумла: муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёқубҷон, муовини директор оид ба таълими амалӣ, номзади илмҳои тиб Давлатзода Аслам Давлат ва сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Н. ташкил медод. Ҳамзамон дар баробари донишҷӯён рафти озмунро як қатор омӯзгорону кормандон мушоҳида менамуданд. Тибқи низомномаи озмун барои ҷойҳои ифтихорӣ ҷоиза пешбини шуда буд, ки ба таври зерин муайян шудааст: ҷойи аввал 800 сомонӣ ба донишҷӯ ва 200 сомонӣ ба омӯзгори дарсдиҳанда; ҷойи 2 – 600 сомонӣ ба донишҷӯ, 150 сомонӣ ба омӯзгори дарсдиҳанда; ҷойи 3 – 400 сомонӣ ба донишҷӯ, 100 сомонӣ ба омӯзгори дарсдиҳанда. Санаи 18 май ҷамбасти озмуни мазкур доир гардид, ки ҷойи аввалро донишҷӯи бахши 2 факултети Кори ҳамширагӣ (таҳсилоти умумии асосӣ) Таманнои Султон таҳти роҳбарии омӯзгор Ҳисейнов М., ҷойи 2-юм донишҷуи бахши 1 факултети Кори момодоягӣ Назарова Нозия таҳти роҳбари омузгори фанни Ҳисейнов М. ва ҷойи 3-юм донишҷуи бахши 1 факултети Кори ҳамшираги рӯзона Шарифов Абдулло таҳти роҳбари омузгор Худоёрзода З. сазовар гардиданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва мудири кафедраи “Фанҳои морфологӣ” аз ҷониби маъмурияти муассиса бо ифтихорнома, сипоснова ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд. 0 Мубодила кардан