Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БА ШАҲРИ САМАРҚАНДИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

Бо ташаббуси директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати калон аз муассисаи таълимии мо иборат аз донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони собиқадор ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати корӣ қаблан ба конференсияи 78-уми илмию амалии Донишгоҳи тиббии Самарқанд даъват карда шуд.

Баробари ба шаҳри Самарқанд ташриф овардан, ҳайати намояндагони муассисаи таълимии моро намояндагони донишгоҳи тиббии Самарқанд гарму ҷушон пешвоз гирифтанд. Ба ҳайати кории муассисаи таълимии мо се донишҷӯ, ду муовини директор ва омӯзгорон шомил мебошанд. Баъди мулоқоти гарму ҷушони намояндагони мо бо намояндагони донишгоҳи тиббии Самарқанд, ҷонибҳо ба табодули тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мулоқоти судманд шуруъ намуда, дар он моҳият ва дурнамои ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

Чорабиниҳои асосие, ки ҳайати корӣ иштирок намуданд, дар чаҳорчӯби конфронси илмӣ-амалӣ сурат гирифт, ки дар он донишҷӯёни тоҷик маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Конфронс ба минбари муҳими табодули дониш ва таҷриба дар соҳаи тиб табдил ёфта, донишҷӯёни коллеҷи мо оид ба масъалаҳои мубрами тиббӣ маърӯза карданд, ки таваҷҷӯҳи зиёд ва фикру мулоҳизаҳои мусбии иштирокчиёни конфронсро ба бор овард. Корҳои пешниҳодшуда паҳлӯҳои гуногуни тибби муосир, аз усулҳои нави ташхис то равишҳои инноватсионии табобати бемориҳоро фаро гирифтанд.

Ба ҷуз аз иштирок дар конфронс, ҳайати коллеҷи мо имкон пайдо карданд, ки бо раванди таълим ва дастовардҳои илмии Донишгоҳи тиббии Самарқанд шинос шаванд. Намояндагони мо ба лабораторияҳо, кабинетҳо ва марказҳои илмии донишгоҳ рафта, бо комёбиҳои навтарини ҳамкасбони ӯзбек шинос шуданд. Мубодилаи таҷриба ва дониш ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуда, барои ҳамкориҳои оянда замина хоҳад гузошт.

Дар доираи сафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни мо инчунин бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Самарқанд вохӯриҳо баргузор намуданд. Ин вохӯриҳо имкон доданд, ки имконоти тадқиқотии муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ баррасӣ шаванд. Ҳамаи иштирокчиён изҳори боварӣ карданд, ки чунин ташаббусҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва тадқиқот дар ҳарду кишвар мусоидат мекунанд.

Иштироки ҳайати коллеҷи мо дар конфронси 78-уми илмию амалӣ дар шаҳри Самарқанд қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи маорифи тиббӣ гардид. Ҳузури намояндагони мо дар чунин як форуми муҳими байналмилалӣ ба нақши афзояндаи ҳамкориҳои байни донишгоҳу коллеҷҳо таъкид намуда, ба рушди робитаҳои касбӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ мусоидат мекунад. Мо итминон дорем, ки ин сафар заминаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва судманди муассисаҳои таълимии мо мегардад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.