Мақолаҳо ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ May 22, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ “Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистон соҳибистиқлол! Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед! Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунавар сохтаанд. Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд. Исбот кунед, ки насли Куриши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзандони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед! Ман ба нангу номус, ақлу заковат, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам”. Эмомалӣ Раҳмон Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҷомеаи имрӯза дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 – ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Аз ҷумла дар Паём чунин омадааст: “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеъии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Ташаббус гардидани ин иқдоми наҷиб агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоӣ – демографӣ ва сиёсӣ – стратегӣ рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҷанбаи таърихӣ дорад. Зеро насли ҷавони кишвар аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият – сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Ҳукумати кишвар буданду ҳастанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлат дар маҷмуъ як санади мукаммалест, ки барои дастёбӣ бо роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иқтисодию иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ниҳоят зарур аст. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона адои хизмат доранд ва дар рушду пешрафти мамлакат ҳиссаи назаррас мегузонанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кўшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омўзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, чи тавре таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шуъла бардорем на ин ки хокистар». Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда, дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан- Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як самти ҷомеа, ба монанди тандурустиву маориф, донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва Роҳбари давлат дар ин маврид таъкид намудаанд, ки “Мо барои тарбияи мутахассисони ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”. Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амали гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Бояд гуфт, ки бо дарназардошти бовариву эътимод ба ҷавонон Пешвои миллат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии фаъолияти ҷавононро хеле хуб фароҳам овардаанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кониститутсияи Тоҷикистон (22 майи соли 2016) ба ҷавонон ба хотири иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат имконияти васеътар фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, синни интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин шудан ба вазифаи судяҳои Суди Кониститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз 35 ба 30 поён оварда шуда, синни интихоб ба вазифаи вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ба 30 боло бурда шуд. Муайян шудани меъёри ягона дар вазифаҳои олии се шохаи ҳокимият ба ҷавонон имкон фароҳам овард, ки президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомӣ ва роҳнамои қишри ҷавонон буда, пайваста ба он ҳамчун ба як неруи созанда ва пешбаранда такя мекунанд, ки бахти баланди мо – ҷавонон мебошад. Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумуи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозад. Арбобов Х.М., – мудири кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Гулматов А.Х. – ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» 0 Мубодила кардан