Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ 78 ИЛМӢ АМАЛИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ САМАРҚАНД ВА САРФАРОЗ ГАШТАН БО ДИПЛОМҲО

Тавре аз паёмҳои қаблӣ маълум аст, ҳайати намояндагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” айни замон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон қарор дошта, дар конфронси 78-уми илмию амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд иштирок доранд. Мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки донишҷӯёни муассисаи таълимии мо, ки дар конфронс бо маърузаҳои худ баромад намуданд, бо гирифтани баҳои баланд сазовори диплому ифтихорномаҳо гаштанд. Ба се нафар донишҷӯёни мо аз руи номинатсияҳои гуногун диплом дода шуд: диплом барои баромади бехтарин, диплом барои равиши илмии бехтарин ва диплом барои таҳқиқоти беҳтарин. Ин ҷоизаҳо эътирофи заҳмати онҳо, амиқии дониш ва қобилияти муаррифии хуби таҳқиқоти онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ин дастовардҳои донишҷӯёни мо на танҳо аз сатҳи баланди омодасозии мутахассисон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шаҳодат медиҳад, балки ба таҳкими обрӯи илмии муассисаи таълимии мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Арзёбии кори онҳо дар чунин конфронси бонуфуз аз зарфияти назарраси донишҷӯёни мо ва имкони ҳамкориҳои минбаъдаи судманд бо ҳамкасбони хориҷӣ шаҳодат медиҳад.

Мо донишҷӯёни худро бо ҷоизаҳои сазоворашон табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти илмӣ ва касбӣ муваффақиятҳои минбаъда таманно дорем. Ин дипломҳо як қадами муҳим дар касби онҳо ва ангезаи дастовардҳои минбаъда дар соҳаи тиб хоҳад буд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.