Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ТЕХНИКУМИ ТИББИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

Дар доираи сафар ба 78 конфронси илмӣ-амалии Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд, ҳайати намояндагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” инчунин ба техникуми тиббии Самарқанд ташриф оварданд. Ташриф ба ин муассисаи таълимӣ қисми муҳими барномаи сафарии ҳайати мо дар Самарқанд гардида, имкони беназир барои табодули таҷриба ва барқарор намудани робитаҳои нави касбӣ гардид.

Намояндагони Техникуми тиббии шаҳри Самарқанд ҳайати моро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, дар шаҳраки техникум сайру гашт ташкил карданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони моро бо синфхонаҳо, лабораторияҳо ва марказҳои илмии коллеҷ шинос намуданд. Ба таҷҳизоти замонавӣ ва усулҳои инноватсионӣ, ки дар раванди таълим истифода мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорони Техникуми тиббии шаҳри Самарқанд дурнамои ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии мо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин таҳқиқоти муштараки илмӣ саволҳо дода шуданд. Ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, қайд карданд, ки чунин иқдомҳо ба беҳтар шудани сифати таҳсилоти тиббӣ дар ҳарду кишвар мусоидат мекунанд.

Дар маҷмӯъ сафар ба техникуми тиббии шаҳри Самарқанд як рӯйдоди муҳим ва пурсамар буд, ки робитаҳои байналмиллалии моро таҳким бахшида, барои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи тиббӣ имкониятҳои нав кушод. Мо итминон дорем, ки робитаҳо ва тавофуқҳои ҳосилшуда заминаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва муваффақи муассисаҳои таълимии мо хоҳанд шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.