Мақолаҳо ҶАВОНОН-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН Бо admin Охирин навсозӣ May 23, 2024 0 Мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонем. (Эмомалӣ Раҳмон) Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд. Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”. Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад. Дар ҷаҳони муосир пайваста падидаҳои нав ба миён меояд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд. Бештари онҳо дар асоси равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрўз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техники давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекўшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд. Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд». Вазъи ҷаҳони муосир ва ҳаводиси солҳои охир нишон дод, ки иқтисоди устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори мусаллаҳ ба муосиртарин таҷҳизот наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз карда метавонанд, ки сиёсати оқилонаро пеш гирифтаву мардумашон дорои зиракии воқеии сиёсиянд. Таърихи тамаддуни тоҷик ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои мутамаддин низ собит менамоянд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузоранд, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар аст. Ҷумҳурии маҳбубамон имрӯзхо дар роҳи ташкили ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Тарбияи ватанпарастии ҷавонон яке аз роҳҳое мебошад, ки барои расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Воқеан, давлат ва ҳукумати мо барои ирсол намудани ҷавонон ба давлатҳои хориҷа барои таҳсил хеле чораҳои зиёдеро андешидаанд, то ки пас аз бозгашт ба Ватани маҳбубамон бо шарофати таҷрибаҳо, ки дар давлатҳои хориҷа аз худ менамоянд барои рушду равнақдиҳии миллати азизамон саҳмгузорӣ намоянд. Ба ҳар ҳол камбудиҳо дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасанд ва яке аз муаммоҳое, ки имрӯзҳо ҳукумати ҷумҳуриро нороҳат кардааст, нарасидани олимони ҷавон дар баъзе аз соҳаҳои илми кишвар мебошад. Пас аз солҳои Истиқлолият аз ҷониби ҳукумату давлат маблағгузории давлатӣ ба соҳаҳои илму маориф мунтазам зиёд мегардад ва барои дастгирии аспирантону докторантони муассисаҳои илмӣ стипендияҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Ҷавонони мо бояд шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии даврони соҳибистиқлолӣ намоянд. Шукргузор бошанд, ки Ҳукумати кишвари мо барои фаъолияти фароҳи ҷавонон корҳои мушаххасро ба амал оварда истодаанд. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ҳукумати мо барои сазовор шудан ба дастовардҳои хеле назаррас бар ҳаёти ҷавонон нақши басо муҳимро иҷро намудааст. Инчунин яке аз иқдомҳои бузурге, ки барои ҷавонон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гашта буд, ин таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буд, ки рӯзи ҷашнгирии он ҳар сол ба санаи 23 – уми май рост меояд. Ин барои мо ҷавонон як рӯзи шодию саодатмандӣ ва хурсандии беканор аст. Ҳукумати Ҷумҳуриамон ҳамагуна кору фаъолиятро баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон андешида истодааст. Ҷавонони тоҷик аз иқдомҳои Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифтанд ва барои шукуфоии ояндаи миллати хеш боз ҳам фаъолтар мегарданд. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат, доимо дар сафи пеш барои ободнамоӣ ва созандагии меҳани хеш ҳастанд. Ҷавонон бо Ватан, миллат, фарҳангу забон ва таърихи ниёгони сарбаланди хеш ифтихор менамоянд. Мақсаду мароми зиндагии ҷавонони Тоҷикистон ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, амнияту осудагии халқу диёр ва боло бурдани обрӯю нуфузи ҷумҳурии азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол, насли бонангу номус, мубориз, ҷасур ва диловари кишвар маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Мунаваров Беҳруз Абдулазизович Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан