Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БА ШАҲРИ БУХОРОИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

20 май ҳайати намояндагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар доираи сафари кории худ ба шаҳри бостонии Бухоро низ ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафар ҳайати намояндагон, иборат аз донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони муассиса аз осорхонаи олими барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, воқеъ дар шаҳри Афшона дидан карданд. Ин осорхона, ки ба ҳаёт ва мероси илмии олими бузург бахшида шудааст, ба намояндагони мо таассуроти калон бахшид.

Намоишгоҳи Осорхонаи Абуалӣ ибни Сино имкони нодиреро фароҳам овард, ки ба таърихи тиб ғарқ шавед ва бо дастовардҳои барҷастаи Ибни Сино дар соҳаи тиб, фалсафа ва дигар илмҳо ошно шавед. Донишҷӯён ва омӯзгорони мо ба экспонатҳое, ки мероси серсоҳаи олими бузургро инъикос мекунанд, бо таваҷҷӯҳ нигариста, барои чунин экскурсияи таълимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳайати намояндагон баъди дидан намудан аз осорхона ба техникуми тиббии шахри Бухоро рафтанд. Дар он ҷо намояндагони мо бо коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни техникум вохурда, масъалаҳои актуалии таълими тиббӣ ва дурнамои ҳамкории муассисаҳои таълимии моро муҳокима карданд. Дар рафти сафар ба техникум экскурсия барпо гардид, ки дар рафти он намояндагони мо бо шароити таълим, утоқу лабораторияхо шинос шуданд.

Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни техникуми тиббии Бухоро ба мо имкон дод, ки робитаҳои нави касбӣ барқарор намуда, дар соҳаи маорифи тиббӣ табодули таҷриба кунем. Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкориҳо, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ояндаи тиб мусоидат мекунад, изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Сафар ба Бухоро ва боздид аз осорхонаи ибни Синои бузург ва техникуми тиббӣ ҷузъи муҳими барномаи будубоши ҳайати мо дар Ӯзбекистон буда, онро бо донишҳои нав ғанӣ гардонида, робитаҳои дӯстона ва касбии байни кишварҳоямон таҳким мебахшад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.