Устодон ва донишҷӯёни муҳтарам! Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрӯзҳо дар саросари кишвар иди муҳим ва фараҳбахш — Рузи ҷавонон қайд карда мешавад. Ин рӯз рамзи қувват, нерӯ ва тавоноии ҷавононест, ки на танҳо оянда, балки имрӯзи кишварамон мебошанд.
Барои мо, омӯзгорон ва маъмурияти коллеҷ, ифтихор ва шодии хос аст, ки шумоёнро бо ин рӯйдоди наҷиб табрик намоем. Ба ҷавонон муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки шумо ояндаи мо буда, масъулияти рушду нумӯи ҷомеаи мо дар дасти шумост. Маҳз шумо бо нерӯи худ, идеяҳои тоза ва хоҳиши беандоза ба донишомӯзӣ фардоро ташаккул медиҳед.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи ҷавонон, хоса донишҷӯён барои меҳнат, саъю талош дар роҳи донишандузӣ ва хоҳиши зиёди мутахассиси соҳибкасби соҳаи тиб гаштан аз самими қалб миннатдорӣ баён намоям. Фидокорӣ ва матонати шумо бетаъсир намемонад ва мо аз ҳар яки шумо ифтихор дорем.
Мехостам ба устодони гиромӣ ва кормандони муассиса низ изҳори миннатдории хос баён намоям. Сабру таҳаммул, кордонӣ ва фидокории шумо дар ташаккул ва камолоти шогирдони мо нақши калидӣ мебозад. Шумо на танҳо дониш меомӯзонед, балки хислати шогирдонро ташаккул дода, дар вуҷуди онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва хоҳиши рушди худшиносиро мепарваред.