Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

23-ЮМИ МАЙ- РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд».

Медонем, ки ҳамасола 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин рӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории кадом чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст?

Тавре ки медонем, ҳамасола 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол низ барои  дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин рӯз нақшаи чорабиниҳои «30-рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қабул гардид, ки аллакай дар доираи он чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишию оммавӣ доир гардида истодаанд.     Аллакай аз 16 май силсилаи чорабиниҳо оғоз гардида, идома доранд.

Аз  ҷумла, оғози марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муасисаҳои т аҳсилоти миёна касбии кишвар,   Бале, суоли хеле бамаврид. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои  олли кишвар» ва ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоии  наврасон ва ҷавонон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва хайриявиро доир намуд. Дар он роҳбарияти кумита бевосита иштирок карда, бо  шароити мактаббачагон аз наздик ошно гардиданд. Ва ба кӯдакон ва наврасоне, ки аз падару модар маҳрум мебошанд, умуман ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили либос ва лавозимот тақдим намуданд. Ҳамзамон кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, аз ҳолу аҳволи ҷавонон эҳтиёҷманд ва шахсони мӯҳтоҷу барҷомонда аз ҷумла аз  хона интернатҳо низ дидор намояд.

Тавре ки медонед, бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 18-уми май  Рӯзи Дави миллӣ эълон гардидааст ва ҳамасола он дар як фазои дӯстӣ ва эҳтиром доир мешавад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ, ки барои солимии ҷомеа нақши бағоят калон дорад, дар як сатҳи баланд баргузор карда шуд. Танҳо дар пойтахти кишвар дар ин дав ҳудуди 40 000 нафар ширкат варзиданд.

Ҷиҳати фарқкунанда ва ҷолиби дави миллии имсола аз солҳои қаблӣ дар он буд, ки имсол намояндагони ҷавонон ва дӯстдорони дав аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва навоҳии тобеи марказ, хусусан аз минтақаи Рашт дар ҳайати ҳафтнафарӣ то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе марафони дави миллиро ташкил карданд. Дар пойтахт онҳоро хеле хуб пешвоз гирифта, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Ин барои боз ҳам муттаҳид намудани дӯстиву равобит миёни тамоми ҷавонони кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин замина рӯзи 18-уми май  бо мақсади ҳарчи бештар огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи миллати тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстии ҷавонон шоми дарҳои кушоди осорхонаҳо ташкил шуд, ки ҷавонон ва сокинони мамлакат аз осорхонаҳо дидан карданд.  Ин дар тарбияи худшиносии ҷавонон нақши калон мегузорад.

Тавре медонем, ҷавонон ояндаи миллатанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҷалби ҷавонон ба варзиш кадом корҳоро ба сомон мерасонад?

Ҳамон гунае, ки огоҳед, яке аз самтҳои фаъолияти кумита ин, албатта, самти варзиш мебошад. Бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам оммавӣ гардонидани варзиш миёни мардум, аз ҷумла ҷавонон корҳои зиёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби кумита анҷом ёфтанд. Ҳамин тавр ҳамарӯза чорабиниҳои зиёди варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мешаванд, ки дар он варзишгарону ҷавонон иштирок меварзанд. Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз чорабиниҳои баланди варзишӣ, ки барои ҷалби ҷавонон ба варзиш таъсири калон расонд, ин Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои  касбии кишвар мебошад, ки марҳилаи ниҳоии он аз 16 май оғоз гардида, 23 май, яъне дар Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст мегардад.  .

23-уми май дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамзамони Спартакиада ҷамъбаст мегардад, ғолибон ва иштирокчиёне, ки дар ин чорабинии баланди варзишӣ  ширкат варзиданд, аз ҷониби кумитаи тадорукот бо  сипосномаву ифтихорнома, медалу ҷом  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд гардид.

Дар ин баробар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пайваста дар шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат мусобиқаву чемпионатҳоро доир менамояд, ки ин, албатта, барои ҷалби ҷавонон ба варзиш бетаъсир буда наметавонад. Кумита минбаъд низ ба хотири боз ҳам ҷалб намудани ҷавонону наврасон  ба варзиш дигар чорабиниҳои варзиши баргузор хоҳад кард.

Муҳаббатов Анушервон  Ҷиёнхонович

Мудири кафедраи”Фанҳои морфологӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.