ОЗМУНИ «ДОРУШИНОСИ БЕҲТАРИН»ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОН” ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ”.
Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С. ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим дар кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” санаи 29.05.24с озмуни “Дорушиноси беҳтарин” бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон созандаи миллатанд” ташкил ва баргузор карда шуд. Мақсади гузаронидани озмуни “Дорушиноси беҳтарин” дар кафедра, ин баланд бардоштани сифати таълим, равнақ додани фикрони ва дуст доштани касби ояндаи худ мебошад. Дар озмуни илмӣ донишҷӯёни бахшҳои 1,2,4-ум факултети “Кори фармасевтӣ” ва “ Кори момодоягӣ иштирок намудаанд. Донишҷӯён дар рафти озмун фаъол будаанд.
Аз ҷониби омӯзгор ва аъзоёни хакамон саволҳои пушида дар бораи маводҳои доругӣ, дозаи терапевтӣ, усулҳои истифодаи маводҳои доругӣ, кроссворд дар бораи витаминҳо, маълумоти пурра доир ба мавзӯи “Гормонҳо”, таснифоти маводҳои доругӣ бо истифодабарии доскаи электронӣ, таснифоти гурӯҳҳои маводҳои доругии зиддимикробӣ, муоширати дорусоз бо мизоҷ гузаронида шуд. Аз тарафи омӯзгорон баҳогузори гузаронида шуда, донишҷӯёни беҳтарин интихоб карда шуданд.
Озмун аз ҳисоби устодони соҳибтаҷрибаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳурявӣ” комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби раёсати МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳурявӣ” тасдиқ карда шуд.
Ҷоизаи озмун ба таври зерин муайян карда шудааст:
-
ҷойи 1
-
ҷойи 2
-
ҷойи 3