Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЭҶОДИЁТИ УСТОД АЙНӢ АЗ НИГОҲИ ЯК МУҲАҚҚИҚИ АМРИКОӢ “АДАБИЁТ ТАЪРИХИ ЗИНДАИ РӮЗГОРИ МАРДУМИ ДАВРАИ МУАЙЯН АСТ” ҲОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ шахсияти  барҷастаи фарҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи 20 ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Устод Айнӣ дар   қатори Робиндранат Такур   (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави  Машриқзамин эътироф шудааст.

Устод Айнӣ дар як давраи ҳассостарини таърихии халқи точик умр ба сар бурдааст. Аз ин хотир мехру муҳаббати  мухлисону шогирдон ба устод беандоза мебошад.

Хизматҳои Айнӣ барои  халқу миллати тоҷик бениҳоят бузург буда, барои насли минбаъда, мактаби хоса гаштааст.

Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки дар эҷодиёти устод тамоми  ҷанбаҳои ҳаёт ба риштаи тасвир кашида шуда бошад, ки ин як ҳақиқати ҳол асту халос.

С. Айнӣ  бешубҳа санъаткорест асил, бузург ва нотакрор, ки бо офаринишу ба майдон  баровардани қаҳрамонҳояш дар адабиёти  даврони нав як таҳаввулотеро ба по хезонд. Навгониҳое, ки дар адабиёти он  давр устод ворид сохтанд бешак беназир ва таҳрикдиҳанда буданд. Аз он  ҷумла офаридани асарҳои сегона (трилогия) (“Дохунда”. “Ятим”. “Ѓуломон”)  дар адабиёти шуравӣ падидади нав буд, гарчанде  ин анъана дар адабиёти классикӣ маъмул бошад ҳам, ҳақиқатнигорӣ, ошкорбаёнӣ, нишон додани  қаҳрамонҳои дар ҳақиқат поктинату софдил, ҳифзу нигаҳдории урфу одат, анъана ва фарҳангу маданияти аҷдодӣ аз тарафи қаҳрамонони устод намунаи баланди навоварӣ дар адабиёт  маҳсуб меёбад.

Устод қариб дар ҳамаи соҳа, жанру намудҳои адабиёти муосири тоҷик пешдастӣ намуда, бо ин намунаҳои  ҳайратафзои эҷоди бадеӣ, таърихию илмӣ офаридаашон то охири ҳаёти  худ  сарвари ибратбахши адибон гардидааст. Ин тарафи масъала буд, ки то имрӯз ҳаёту фаълоияташон  мавриди омӯзиш  ва тадқиқотҳои илмию адабӣ  гашта,  ҳар замон як паҳлӯи эҷодиёти  устод аз нав омӯхта мешавад.

Яке аз хусусиятҳои қалами сеҳрбаёни бузургворон дар он аст, ки ба осори  эҷодии онҳо ҳар қадар амиқтар назар андозед боз ҳам чашмаи фикру ақидаҳои онҳо ҳамонқадар равшантар фавора мезанад. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ низ аз ҳамин қабил осор маҳсуб меёбад.

Адабиёти муосирро  бо ҳамаи мураккабиҳои тараққиёташ бе симоҳои пешраву пешбар тасаввур кардан номумкин аст. Мешавад, ки  музаффариятҳои ақидавию  эстетикии  адабиёти  навинро  дар ягон марҳила, аз рӯйи  махсусиятҳои эҷодии нависандаи  ҷудогонае муайян намуд. Маҳз устод Айниро месазад аз ҷумлаи чунин нигорандагони бузург ҳисобид.

Аз  ин рӯ навиштаҳояшон аз он ҷумла, осори пас аз инқилобиашон, дар ҳама марҳиллаҳои адабӣ  диққати  хонандагон ва муҳаққиқони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Мақсади овардани ин  андеша дар он аст ки, устодро то чӣ андоза дар берун аз мамлакатамон эҳтиром қоил  буда, ба осори Айнӣ диду назари тоза доранд. Бешак аз рӯйи мутолиа ва тадқиқотҳои илмии  рӯйи эҷодиёти устод анҷомпазируфташуда хулоса намудан мумкин аст, ки то чӣ андоза рӯзгор ва осори устод дар тақвияти дӯстию бародарӣ, ҳамфикрию ҳамрайъии мардумони сайёра саҳмгузор гаштааст. Ин фикри худро метавон  бо хулосаҳои як муҳаққиқи Амрикоӣ  бо исми  Кейс Ҳитчинс исбот намоям.

Таваҷҷӯҳ  намудан ба эҷодиёти  устод дар ѓарб  аз аввали солҳои  50- уми асри гузашта манша мегирад. Аввалин мақола бо  номи  “Айнӣ-асосгузори адабиёти советии тоҷик” дар ҳафтаномаи  “Ню Эйч”  (1954) ба табъ расидааст. Сипас ба забони  англисӣ ба ҷуз мақолаҳои Иржи Бечка дар маҷаллаи “Архив Ориентал” ва мақолаи “Садриддин  Айнӣ дар  “Фарҳанги адабиёти  Шарқ” (Лондон, 1974), ки ҷилди  3-юми он пурра ба адибони шарқ  бахшида шудааст, чизи мукаммале набуд. Осори устод Айнӣ ва умуман адабиёти муосири тоҷик монеаҳои сохта ва уқёнусҳоро убур карда, диққати хонандагону ҳаводорни  илму адаби қитъаи Амрикоро низ тасхир намуда буд. Ин нигоҳи тоза ба осори Айнӣ дар ѓарб асосан, Амрико  бо ташаббуси профессор Кейс Ҳитчинс аз ибтидои солҳои 80- ум оѓоз гашта, бо шарофати замони бозсозӣ рангӯ бӯи нав ба худ касб намуд.

То имрӯз дар дасти муҳаққиқони осори устод ду мақолаи ин олими амрикоӣ қарор дорад, ки  мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ки яке маълумотномаи муфассали энсиклопедӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти  устод Айнӣ “Қомуси Эрон” (таҳти назари  Эҳсони Ёршотир, Лондон ва Ню-Йорк, 1987) ва дигаре тақризест ба тарҷумаи англисии осори Айнӣ, ки дар нашрияи “Имрӯзи адабиёти ҷаҳон” (ШМА, 1987) чоп шуда, ҳар ду ҳам  дар як вақт ба табъ расидаанд.  Гуфтан ба маврид аст, ки ин мақолаҳо ҳар ду ҳам комил ва ҳамдигарро пурра гардонида аҳамияти ҷаҳонӣ  касб намудаанд. Маълум, ки муаллифашон аз таърих,  фарҳанг,  маданият ва урфу одатҳои Осиёи Миёна ба хуби воқиф буда, дар омӯзиши этнографии ин сарзаминҳо заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст. Хусусан, осору рӯзгори устодро  хуб таҳқиқ намудааст.

Мехоҳам болои  тадқиқоти анҷомдодаи муҳаққиқ  Кейс Ҳитчинс,   дар  бораи тақризи ба асари устод Айнӣ “Бухоро”, Ёддоштҳо”, ки нашриёти “Радуга”- и Маскав соли 1986 ба забони англисӣ чоп шуда буд истода гузарам. Ба ақидаи  муҳаққик  ин асарҳо  алалхусус “Ёддоштҳо”–и устод  шоҳкории беназир дар адабиёти шуравӣ ба ҳисоб рафта, баъзе ақидаҳои худро барои боз ҳам мукаммалтар гардидани  ин  шоҳкорӣ пешниҳод намудааст,  ки яке аз он, ин масъалаи маросимҳои байни  мардуми  Шарқ маъмул буда,  мебошад. Ба ақидаи олим ин ҷашну маросимҳо дар асар барҷаста нишон дода шудааст. Олим   асарҳои устод Айнӣ “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-ро асари беназир ва бемислу монанд дар адабиёти муосир ҳисобида ва аз маҳорати баланди эҷодии устод дар ин  тақризҳояш ёдовар шудааст. Ӯ ин асарҳоро ба таври худ  “шоҳкории бадеӣ” ва “Марги судхӯр”- ро “романи хурд” номидааст.

Ҳитчинс “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-ро аз назари хронологӣ, пайдарҳамии воқеъаҳо, иштироки таҳиягари воқеъаҳо ва дар онҳо инкишофи ҳодисаю рӯйдодҳоро давоми ҳамдигар ҳисобидааст. Ин асарҳо воқеъаву ҳодисаҳои  солҳои 90- уми асри XIX -ро дар бар  мегирад. Андешаҳои олим доир ба ҷиҳатҳои ѓоявию бадеии асарҳои  мазкур ҷолиби диққат мебошанд.

Банду басти мавзуъҳои асар (“Ёддоштҳо”):  давраи бачагӣ,манзараҳои деҳа, макони хотираҳои гарму ширини С. Айнӣ дар ҳалқаи оилааш ва тасвири зиндагии анъанавии деҳқонон ва умуман, тадқиқи зиндагӣ, моҳияти ҳаёт диққати олимро ба худ ҷалб намудааст.  Дар бораи сохт   ва банду басти дохилии “Ёддоштҳо” сухан ронда , муҳққиқи хориҷӣ аз новелла ва ҳикояҳои хурду тамомёфта ба ҳам омадани асарро ёдрас мешавад. Ҳамчунин аз нигоришоти  Айнӣ- менависад ӯ,- тасвири тамошои коргоҳи ҳалвопазӣ, ки аз назари кӯдакӣ бо ҳавас ба ҳамаи ин шириниҳо нигаранда тасвир шудааст ва  истодагарии ҳушёронаву бо мулоҳиза ва боақлонаи вай дар муқобили регкӯчие, ки токзори оҳоро фурӯ мебурд, мафтункунанда баромадааст.

Муҳаққиқ оиди “Марги судхӯр” низ мулоҳизаҳои мушаххас доранд. Ӯ  менависад; ин асар яке аз чор романҳои Айнист (“Одина”, “Дохунда”. “Ѓуломон”,  ва “Марги судхӯр”), ки ҳаёти ҳақонии  миллати тоҷикро дар  асрҳои XIX ва ибтидои асри XX нишон медиҳад.  Вай ба ду ҷузъи муҳими бандубасти асар (“Марги  судхӯр”) диққат додааст

Таҷассуми  симои ночизи қории судхӯр Қорӣ Исмат (Ишкамба).

 Тасвири вазъи ҷамъияти  пеш аз иқилобии Бухрои Шариф.

Ва дар  ҳақиқат, дар ин тазоди ҳодисаҳои бузурги иҷтимоӣ ва талошҳои худхоҳонаи инсони тиҳимаънавиёт маънии аслии рӯҳияи  судхӯрӣ ва дигаргуниҳои амиқи зиндагии мардуми мо пас аз инқилоб хело барҷаста зуҳур кардааст. Нависандаи ҳақиқатнигор дар ин романи ҳаҷвии худ психалогияи судхӯрро сохтакорона ва аз тарафи дигар бераҳмона таҳти тозиёнаи танқид гирифта, ӯро фош намудааст, то он дараҷае ки дигар ягон ҷои шарҳу тавзеҳаш намондааст.

Дар тақризи мазкур мушоҳидаҳои К. Ҳитчинс оиди тарҷумаи англисии ин ду китоб низ ҷолиби диққатанд. Муаллиф, ки худ аз асли асарҳои  мазкур огоҳ аст, имконе дорад, ки ба чӣ тавр анҷомидани баргардониши онҳо ба забони англисӣ ба хулосаи дуруст ояд. Ба ақидаи  олим, тарҷума дақиқ ва мусаллас аст.

Воқеан, аз рӯи услуб ва оҳанги навишти муаллифи тақриз ҳаминро муайян намудан мумкин аст,  ки олим то чӣ ҳад ба ин кор  нозукбин, дилсӯз обектив мебошад ва аз тарафи дигар маълум мегардад, ки  муққариз оиди рӯзгор ва эҷодиёти устод Айнӣ маълумоти кофӣ дорад.

Муҳаққиқ кушидааст, ки марҳилаҳои асосии ҳаёт, зиндагӣ,  гардишҳову ташаккули маънавию эстетикии устод ва омилҳои он, алоқаи вайро бо равияҳои сиёсӣ ва адабии ибтидои аср дар  Осиёи Миёна; роҳи эҷодӣ, марҳила ва асарҳои ӯро шарҳ дода, мақоми ӯро дар маданияти пешрафтаи миллати тоҷик равшан намояд. Ба ақидаи адабиётшинос М. Шаҳидӣ, К. Ҳитчинс  талаботи таълифи қомуснигориро риоя намуда, бисёр мавридҳои аз ибрози ақидаҳои шахсӣ ва шарҳи тозаи устод Айнӣ худорӣ намудааст. Аз тарафи дигар, чунон ки ба назар мерасад, ки олим хостааст дар бораи  рӯзгор ва эҷодиёти Айнӣ ба хонандаи англисзабон бештар маълумоти ҳуҷҷатӣ пешниҳод намояд. Аз ҳама муҳимаш, ба қавли адабиётшинос муҳаққиқи амрикоӣ асосан ба сарчашмаҳои илмию адабӣ такя намуда, хулосаҳояшро бо онҳо асоснок менамояд.

Дар мақолаи мазкур ба зиндагии устод Айнӣ дар ду марҳилаи муҳим: зиндагии ӯ то Инқилоби Октябр ва ҳам давраи кору эҷодашон пас аз инқилоб таваҷҷӯҳ равона шудааст. Тавссути дақиқназарӣ Ҳитчинсро муясар гаштааст, ки зиндагии рангин, мураккаб ва талху ширин саршори як фидоии роҳи беҳбудии маънавии мардуми тоҷик, поягузори маданияти як  халқ ва адиби бузурги Шарқи муосирро манзури ҳаводорону дӯстдорони  адабиёти муосири тоҷик дар соҳили дигари  уқёнус гардонад.

Хулоса, олим, муҳаққик, прафессори амрикоӣ Кейс Ҳитчинс мақоми устодро дар таърихи адабиёти тоҷик чунин ҷамбаст намудааст: “Саҳми Айнӣ дар адабиёти тоҷик, таърихи адабиёт ва нақди адабӣ, ҳамчунин забони тоҷикӣ хело бузург аст.

Ҳар шахсе, ки ба омӯзиши ин, яъне адабиёти  ибтидои асри XX – уми тоҷик машѓул мешавад, инро сарфи назар карда наметавонад. Балки  ба сифати сарчашмаи  боэътимод ба тадқиқотҳои устод муроҷиат менамояд.”

Амале, ки ин олими муваффақи амрикоӣ анҷом додааст ба ақидаи мо шогирдону пайрвони  устоди абадзинда хеле арзанда ва боиси ифтихору сабаландӣ буда, ин тадқиқот ба мо шогирдон рӯҳу илҳоми тоза, дар корҳои эҷодиамон мебахшад.

Боиси сарфарозию сарбаландии мо шогирдони устод аст, ки дар он тарафи уқёнус низ бузургони миллати моро мешиносанду ба фарҳангу маданият, илму адабиёти мо арҷ гузошта, мароқ зоҳир менамоянд.

Ассистенти кафедраи “Забони тоҷикӣ”

Иброҳимов Ш.Т.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.