Мақолаҳо 1 ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН Бо admin Охирин навсозӣ Jun 1, 2024 0 Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар сол рӯзи 1 – уми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳост. Таҷлили ин рӯз ба 1 июни соли 1925 дар Конференсияи байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо, ки дар Женева баргузор шуда буд, рост меояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ид 20 – уми ноябр муайян шудааст. Ҳамин рӯз “Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак” ва 20 – уми ноябри соли 1989 – “Конвенсияи ҳуқуқи кўдак” қабул гардид, ки тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кӯдак бояд дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон риоя гардад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳамаи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд кӯдак ҳисобида мешаванд. Тибқи моддаи 2 – юми ҳуҷҷати мазкур: «Ҳамаи кўдакон новобаста аз ҷинс, сину сол, эътиқоди динӣ ва ранги пуст баробарҳуқуқанд». Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қарордодаш таклиф кардааст, ки ҷашнгирии умумии “Рӯзи ҷаҳонии кӯдак” бояд барои ҳамрайъӣ ва ҳамкории байни миллатҳо хидмат намояд. Аз таърихи 2 сентябри соли 1990 Конвенсияи мазкур ҳукми амал пайдо кард ва нуқтаи муҳими он кўшишҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмин ва эътирофи ҳуқуқи кӯдакон саъй намуда буданд. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кӯдак воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кӯдакон дарҷ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кониститутсия сарчашма мегирад. Дар моддаи 34 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”. Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару хубтар мегардад. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ, вазифадор мебошад. Ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд. Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму бепарсатор, маъюбон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо – ҷавонон ва калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем. Қандова Рушанна Ғайраталиевна Омӯзгори кафедраи “фанҳои Гуманитарӣ” – и МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан