Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ КОРШИНОС АЗ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОЛЛЕҶИ ОЛИИ ТИББӢ-СТОМАТОЛОГИИ ПРОФЕССОР РУЗУДДИНОВИ ШАҲРИ АЛМААТО, ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Таълими тиббии муосир такмили доимӣ ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалиро тақозо менамояд. Аккредитатсияҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таълимӣ имкони мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мутобиқ кардани усулҳои пешрафтаи таълим ва таъмини сатҳи баланди омодасозии мутахассисонро фароҳам меоваранд. Ба шарофати заҳматҳои мутамаркази директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода муассисаи таълимии мо ба сатҳи баланди эътироф ва маҳорати касбӣ ноил гардид, ки иштироки моро дар чунин лоиҳаҳои байналмиллалии муҳим имконпазир намуд.

Дар робита бо гуфтаҳои боло, моҳи майи соли ҷорӣ мудири кафедраи “Кори дандонсозӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Аҳмадзода М.А. аз ҷониби Маркази Авруосиёии аккредитатсионӣ, таъмини сифати таҳсилот ва тандурустӣ (ECAQA) барои гузаронидани аккредитатсияи Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузиддинов дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон даъват карда шуданд.

Раванди аккредитатсия аз якчанд марҳилаҳои асосӣ иборат буд. Нахуст комиссияи экспертӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо аз назар гузаронида, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва ҳисобот оид ба натиҷаҳои таълими донишҷӯёнро таҳлил намуданд. Сипас барои баҳодиҳии таҷҳизот ва шароити таълими амалӣ аз биноҳои таълимӣ ва лабораторӣ тафтиш карда шуд. Марҳилаи муҳим мусоҳиба бо ҳайати омӯзгорон, инчунин донишҷӯён барои арзёбии андешаи онҳо дар бораи сифати таълим ва шароити таълим буд.

Пас аз анҷоми тамоми марҳилаҳои аккредитатсия комиссияи экспертӣ ҳисоботи муфассалро бо тавсияҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва рафъи камбудиҳои ошкоршуда омода намуд. Ин гузориш барои рушди минбаъдаи Коллеҷи тиббии номбурда ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар арсаи байналмилалӣ истифода хоҳад шуд.

Иштироки коршиноси мо дар ин аккредитатсия дар таҳияи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва тасдиқи маҳорати баланди касбии коллеҷи мо саҳми муҳим буд. Аккредитатсияҳои байналмилалӣ ба табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам мусоидат мекунанд, ки дар ниҳоят ба омода намудани мутахассисони баландихтисос, ки қодиранд дар шароитҳои гуногун самаранок кор карда, ба чолишҳои муосири соҳаи тандурустӣ посух гӯянд, оварда мерасонад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.