Назорати имтиҳонҳо марҳилаи муҳими раванди таълим аст, зеро он на танҳо сатҳи омодагии донишҷӯёнро арзёбӣ менамояд, балки обрӯ ва нуфузи муассисаи таълимӣ низ аз натиҷаҳои он вобаста аст.
Зимни назорат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба бисёр ҷанбаҳо, аз қабили дурустии имтиҳонот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин сатҳи омодагии донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри ошкорсозии мушкилотҳо, суҳбатҳо оростанд.
Қайд кардан зарур аст, ки имтиҳонҳои давлатӣ имкон фароҳам меоваранд, то муассисаи таълимӣ мутахассисони воқеан соҳибтахассус омода созад ва минбаъд онҳо дар соҳаи худ бомуваффақият кор карда тавонанд. Илова бар ин, мониторинги имтиҳонҳо имкон медиҳад, ки мушкилот ошкор ва сифати таълим беҳтар шавад.