Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гардид.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.

Дар ҳақиқат қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.

Қабули қонунҳо баҳри зиндагии шоиста як тарафи амали воқеӣ аст, ки Ҳукумат дар симои парлумон иҷро намудааст. Тарафи дигар иҷрои босифат ва риояи пурраи талаботҳои қонунҳои қабулгардида мебошад.      Дар ҳамин маврид мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» зоҳир ва вориди майдон мешавад. Барои дарки маънӣ метавон аз мафҳуми маърифати оиладорӣ истифода бурд. Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Дар ин зимн қобили қайд ва ифтихор низ ҳаст, ки маърифати оиладории тоҷикон дар ҳеҷ миллату халқиятҳо дида намешавад. Ин падида бештар дар осори ниёкони мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатӣ ҳидоят мекунад.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми (нестангорӣ) ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон номумкин аст. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Мувофиқи банди 5 Барномаи мазкур сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс ҳар яки моро вазифадор месозад, ки аз пештара бештар – ҳатто аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он – мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ, бохабар аз бозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳону минтақа, сарҷамъ дар забону амал ва муваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣ бошем.

Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои мушкилу печ дар печи солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо сахтиродагӣ раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳилаи ободкорӣ ва созандагӣ, мақоми устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.

Қаландаров Некруз Ҳакимович

Мудири кафедраи”Фанҳои табиию риёзӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.