Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 19 июни соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни кори ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрами ҳам фаъолияти таълимӣ ва ҳам фаъолияти тарбиявии муассиса баррасӣ карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа яке аз масъалаҳои муҳим, ин омода намудани ҳисобот аз ҷониби раисони имтиҳонҳои давлатии хатм оид ба рафти имтиҳонҳо, пешрафт ва давомоти хатмкунандагон буд. Дар партави фаъолияти муассиса баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони баландтахассус, ин масъала моҳияти махсус пайдо кард. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Қаюмов Ф.Ҷ. иброз доштанд, ки дар тартибдиҳии ҳисоботҳои мазкур, ки қисми таркибии ҷараёни арзёбии донишу малакаҳои хатмкунандагон мебошанд, диққати хос дода шавад.

Инчунин, ба ҷуз мавзӯъҳои таълимӣ, мушкилоти мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ низ матраҳ шуд. Муовини директор моҳияти тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва дарки фарқияти фарҳангу миллатҳоро таъкид намуданд. аз деканони факултетҳо даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо бо ҳамроҳии омӯзгорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар бошанд ва бо ҳар гуна фикру андешаҳои нодуруст , ки дар миёни ҷавонон густариш меёбанд, мубориза баранд. Қайд гардид, ки маҳз фазои маҷозӣ ба яке аз минбарҳои аслии густариши ақидаҳои ифротӣ табдил ёфтааст ва махсусан дар айёми таътил моро мебояд муборизаро бо ақидаҳои ифротӣ шадидтар гардонем.

Ҳамин тавр, ҷаласаи назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ пурмазмун ва пурмаҳсул гузашт. Масъалаҳои гуногуни мубрами рӯз бо ҷиддият ва таваҷҷӯҳи зарурӣ баррасӣ гардиданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.