Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ– ИФОДАИ ХИРАДИ АЗАЛИИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар мекунад,

Нури Ваҳдат тоҷиконро тоҷбарсар мекунад.

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ гуфта дар адабиёти муосири сиёсиву хуқуқӣ ва иҷтимоӣ мафҳумҳо  ва фаъолиятҳое дар назар дошта мешаванд, ки онҳо назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои этникиро дар дохили кишвар таъмин ва инъикос мекунанд. Ваҳдати миллӣ як силсила  омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, дохилӣ ва берунӣ  дорад. Ҳарчанде ки ваҳдати миллӣ  ҳанӯз маънои риоя шудани принсипҳои адолат ва баробарӣ дар касби неъматҳои ҷамъиятиро надорад, вале барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ муфид ва муҳим мебошад. Гузашта аз ин, тибқи андешаҳое, ки дар адабиёти муосири ғарбӣ ифода ёфтаанд, ваҳдати миллӣ на танҳо барои амнияту рушди ин ё он давлати ҷудогона муфид мебошад, балки барои ҳамгироӣ ва рушди муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ, таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории муштаркулманофеи давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ низ нақши аввалиндараҷаро иҷро мекунад.   Ваҳдати  миллӣ барои ҳамаи кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо халку миллатхои  гуногун маскун мебошанд, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи  сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили  сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва дигар  арзишҳои ичтимоӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ  ҳар як  давлати соҳибистиқлолу  ҳуқуқбунёд барои таҳкими он мубориза мебарад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, то фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои бузург  ноил гардид.

Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матин иродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,

Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.

Меҳани ободу зебои маро,

Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.

Воқеан, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Чи тавре,ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик,пора гардидан ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткӯш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чор сола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоити миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор  кард, ки имрӯз аз он айём 27  сол сипарӣ мегардад. Бисту ҳафт соли эҳёи миллӣ, бисту ҳафт соли баҳамоӣ, бисту ҳафт  соли  худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бисту ҳафт соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, бист қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди  шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин  сабт мегарданд. Имрӯз  мо бояд  сулҳу  субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз на моем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошанд, имкониятҳои ободию осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро  бо  номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҷомеае, ки тафаккури созандаву эҷодкор ҳимоятгари манфиатҳои ҷамъиятӣ ва миллӣ нест, зери фармони бегонагон қарор мегирад ва чунин фармонбардорӣ минбаъд ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд.

Ба қавли Пешвои миллат “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфу кашфи асрори кайҳон ва сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбативу муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1, на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлат ва фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиат, маҳвкунии фарҳангҳо ва дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият аст. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенср “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъди бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ ва давлатҳои манфиатҷӯро, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсониятант, фарогир аст. Дар воқеъ, агар ба мазмуни ин мисраъҳои Саъдӣ дуруст назар афканем, ҳар рӯз барои башарият ҳамчун рӯзи мусибату бадбахтист.

Ҷомеае, ки ба хурофоту таассубҳои диниву мазҳабӣ дода мешавад ва аз моҳияти дину оинҳои миллӣ бехабар мемонад, ҳеҷ вақт дар ташаккулёбии тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳову муқаддасоти миллӣ нақше гузошта наметавонд. Бе ваҳдати миллӣ ягон ҷомеаро хушбахту осоишта тасаввур кардан мумкин нест.

Умуман, метавон гуфт, ки таъмин ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз ормонҳои азалӣ ва ҷамъиятии мардуми мутамаддину  бунёдкори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид кардаанд, “ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».

Мунаваров Беҳруз Абдулазизович

Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,

ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.