Мақолаҳо ТАРАННУМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Бо admin Охирин навсозӣ Jun 24, 2024 0 Баъди барҳам хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки зодаи инқилоби ӣҷтимоии асри ХХ ба шумор мерафт ба бунёди давлати соҳибистиқлол асос гузошт. Сайъ ва кушиши мустаҳакам намудани дастовардҳои истиқлоли сиёсӣ ба даст овардани истиқлоли фарангӣ, эҳёи анъана, суннатҳои миллӣ ва дар ин замина баргаштан ба асолати хеш, иллати дар фазои сиёсии собиқ Шӯравӣ ба миён омадани низоъҳои миллию минтақавӣ гардид. Чунин сурат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ, маданию миллии давлатҳои тозаистиқлол ба муқобили оштинопазирии сиёсӣ ва дар ниҳояти кор задухурдҳои мусаллаҳона ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Адабиёт, ки дар ҳама давр инъикоскунандаи ҳодисаву воқеоти таърих буд ин замон рисолати таърихии хешро ба сомон расонд. Зеро дар осори адибон пеш аз беш аз ҳама рўҳияи замон тасвир мешуд. Адибон мекӯшиданд, ки тавассути қалами хеш мардумро ба худшиносии миллӣ ва сулҳу субот даъват намоянд он монеаҳои миёни бародарон ба вуҷуд омадаро аз миён бардоранд. Аз ин хотир андешаи хешро аз минбари матбуот баён намуда, мардум гуруҳеро, ки силоҳ дар даст доштанд ҳушдор медоданд, ки: Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт, Наздики Худованд бади нест фаромўш. Воқеоти гузашта собит намуд, ки «агар ҷаҳон битаркат таркишҳои он аввал қадам аз дилли шоир мегузарад». Дили ҳассосу некхоҳи шоир ҳамеша паи ислоҳи ҷомеа талош дораду он чизеро ки ниҳон аз чашми атрофиён аст барояш бозгу мегардад. Вожаи Ваҳдат дар адабиёти оламшумули мо бегона нест. Зеро он сарчашма аз адабиёти бостонии мо дошта, дар даврони адабиёти классикӣ бузургтарин шуарои мо дар муттаҳид сохтани мардум ва офаридани осори кохҳои бегазанди маънавию моддӣ истифода намудаанд. Намунаи бузурги чунин ашъорро мо дар осори намояндагони адабиёти классик Рўдакию Фирдавсӣ, Саноию Носири Хусрав, Мавлавию Саъдӣ дида метавонем. Мавзӯи мазкур дар адабиёти форсизабон низ роиҷ ва нашъунамо доштаву дорад, ки онро дар осори Муҳаммад Иқбол метавон мушоҳида намуд: Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст, Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст. Адабиёти охири асри ХХ мисли адабиёти ибтидои ин аср аст, зеро ин ду марҳала барои миллати тоҷик давраҳои тақдирсозанд. Агар давраи аввали асри ХХ давраи эҳёи миллати тоҷик бошад, охири аср давраи наҷотёбии миллат аст. Аҳли қалам аз рўзҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ, мардумро ҳушдор медоданд, ки аз баҳри ҳама гуна худкушию худхоҳӣ, мардумозорӣ гузашта, ақли солиму созандаро пеша созанд. Адибон дар ин давраи басо муҳим барои миллат худро ҳомии ин марзу буми аҷдодӣ дониста, пайваста мекӯшиданд, ки миёни ду бародар сулҳу субот рӯи кор ояд. Ҳар як мулоқоте, ки миёни ҳукумату неруҳои мухталиф баргузор мегардад, ба ояндаи нек гувоҳи медод. Маҳз ҳамин равиши хубу самараи неки сари мизи гутугӯ нишастанро устод Лоиқ пеш аз дигарон пай бурда гуфтааст: Имони ду тарафро мекунам табрик, Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик! Тазод ин ҷост, тазоди вақт ҳам ин ҷост, Ки бо тоҷик, тоҷик мешавад наздик… Кунун овози сулҳ асту рифоҳи халқ. Бувад ояндаи пурнурамон наздик! Вақте ки ин мисраҳо аз дили шоир берун меҷастанд, ҳарфи хубе барои васли миллат чун мумиё барои шикастаустухон зарур буд. Шоир тавассути каломаш тавонист, ки ин равишро суръат бахшад ва масъулинро ҳушдор ба ояндаи неку чашмони умедворонаи ҳазорон ҳамдиёрон диҳад. 27-июни соли 1997, рӯзи аз Масква баргаштани Президенти кишвар фурудгоҳи шаҳри Душанбе симои идонаро ба худ гирифта буд. Он рӯз мардуми шаҳр бо як шодию сурур ба истиқболу шодбошии сарвари давлат ба кӯчаҳо баромада буданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассуми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нур меборид. Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон адибони мо худро муваззаф донистанд, ки ба тарғиби ғояҳои сулҳ ва побарҷо мондани Ваҳдати миллӣ қаламфарсои намоянд. Шоири тавоно Муъмин Қаноат ин рӯзи саидро васф намуда, морову наслҳои ояндаро ҳушдор медиҳад, ки: Ту Ваҳдат аз дили бекина омўз, Намуди ростӣ з-оина омӯз. Нигоҳдории оини ҳақиқат. Зи бишкан-бишкани порина омўз. Ин буд ҳарфи чанд перомуни Ваҳдати миллӣ, дар фарҷоми ин нигоштаҳо бо шеъри шоири писандидаамон Гулназар мегӯем: Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори Ваҳдат, Овозаи ҷаҳон шуд ному диёри Ваҳдат. Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по гузоранд Рашту Хуҷанду Кулоб, Вахшу Ҳисору Ваҳдат. Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ, Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат. То шеъри Рӯдакӣ ҳаст Наврӯзии дили мо, Чашми хазон наафтад дар навбаҳори Ваҳдат. Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.ф. Назарова М. С. 0 Мубодила кардан