Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТ – АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ – давлатӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Ваҳдати миллӣ замоне шакл мегиранд, ки дар ҳар як фарди ҷомеа ҳувияту худшиносии миллӣ ташаккул ёфта, ҳувияти диниро тобеи арзишҳои миллӣ созад ва дар ҳифзи унсурҳои фарҳанги миллӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи марзу буми он, умуман ҳамагуна муқаддасоти миллӣ масъул будани худро дарк намоянд. Ваҳдати миллӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати ояндаи халқи хеш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.

Касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури афроди ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки ин арзишҳо ба бунёди тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию асолатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ваҳдати миллӣ ғояи арзишнокест, ки одамон зери мафҳуми он тамоми ормонҳои миллиро дар доираи урфу одат, анъанот, расму оин минтақавию миллӣ офарида, зери шиорҳои баробарию дӯстӣ, авфи гуноҳи якдигар ва зери фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар бурданро ифода мекунад.

Ҷойи шак нест, ки дар бунёди давлату миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии кишварамон тавасути баъзе ашхоси тангназару мутаассиб ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид ва садҳо фарзандони аслу қаҳрамононашро аз даст дод, вале андешаву тафаккури созандаи фарзандонаш чунин ҳиҷронҳоро дубора васл намуданд. Зеро ин фарзандони бонанги миллат манфитаҳои миллиро аз ҳамагуна манфиатҳо болотар гузошта, баҳри якпорчагӣ ва ҳамгироии хеш гомҳои устувор намуданд.

Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҷомеае, ки тафаккури созандаву эҷодкор ҳимоятгари манфиатҳои ҷамъиятӣ ва миллӣ нест, зери фармони бегонагон қарор мегирад ва чунин фармонбардорӣ минбаъд ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд. Ба қавли Пешвои миллат “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфи асрори кайҳон ва сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбахтиву муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1, на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлат ва фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиат, маҳвкунии фарҳангҳо ва дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият аст. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенср “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъдии бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ ва давлатҳои манфиатҷӯро, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсоният, фарогир аст.

Чунин муносибат дар солҳои 90-ум асри гузашта байни миллати тоҷик рӯй дод, ки хушбахтона ин миллати тамаддунофар ва бо фарҳанги тоҷик зери роҳбари Пешвои дурбину нуктасанҷи худ чунин амали нангин ва дар назди таърих нобахшидании худро ба зудӣ дарк намуда, мардумро аз парокандагӣ ва дар зери фитнаву дасисаҳои шахсони бегонаву манфиатҷӯ наҷот дод.

Ба инобат нагирифтани муқаддасоти миллӣ, марзу бум, забону фарҳанг, суннатҳои ниёгонӣ пеш аз ҳама ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон дар Ватан ва арҷгузорию қадрдонии унсурҳои фарҳанги бегона боиси костагӣ ва дурӣ аз худшиносию худогоҳии миллӣ мегардад. Чунин муносибат дар ягон давру замон натавонист хусусияти озодихоҳӣ, истиқлолиятхоҳӣ ва бунёди давлатдории миллиро ба вуҷуд овараду дар таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти миллат ва тамомияти марзу будми Ватан шароити мусоидро фароҳам созад.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманду иттиҳоди ҷомеаи хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳо ва консепсияҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибию тавонбахши тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ шинохта ва эътироф гардад, яъне “мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чун ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва мавриди пажуҳиши муҳаққиқони ҷомешанос қарор гирад.

Инчунин мақому ҷойгоҳи мафҳумҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти

сиёсӣ ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ баҳри рушду инкишофи пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти миллӣ, иқтисоди миллӣ, фарҳангӣ миллӣ ва тафаккури созандаи миллӣ шинохта шавад.

Беҳуда нест, ки дар ташаккулёбии “Ваҳдати миллӣ” нақши тафаккури миллӣ ва идеологияи миллӣ ниҳоя муҳим буда, ҳар куҷо ки қорор дошта бошӣ бе ин ду наметавон устуворию мавҷудияти миллату давлатро устувор тасаввур намуд. Барои мисол андешаи шодравон Худоӣ Шарифзода каме пештар аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук мутолима намудам мезоҳам зикр намоям, ки воқеан ба маврид ва таъсир бахш аст: “Шахсият метавонад дар ҳудуди давлати миллӣ арзи вуҷуд намояд. Масалан, як физикдони рус, агар ба Амрико равад ва дар он ҷо солҳо кору хидмат кунад, шахсияте нахоҳад буд, магар ин ки амрикоӣ шавад.

Бинобар ин, агар ман, масалан, касе ҳастам, аз баракати Тоҷикистон ҳастам. Ҳатто барои наздиктарин кишварҳо, ки собиқаи муштараки фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ дорем, раҳгузаре бештар нестем. Муҳимтарин чиз барои тоҷики Тоҷикистон мавҷудияти ҳамин кишвар аст…Касе ки инро нашиносад, ҳанӯз худашро хуб нашинохтааст”.

Ҷомеае, ки ба хурофоту таассубҳои диниву мазҳабӣ дода мешавад ва аз моҳияти дину оинҳои миллӣ бехабар мемонад, ҳеҷ вақт дар ташаккулёбии тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳову муқаддасоти миллӣ нақше гузошта наметавонд. Бе ваҳдати миллӣ ягон ҷомеаро хушбахту осоишта тасаввур кардан мумкин нест.

Ваҳдат мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад. Беҳуда нест, ки таҳкими аркони давлатиро бе рушди фарҳанг, вусъати худоогоҳии шахсу ҷомеа дар ташккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкамии он дар ташаккули ҷаҳонбинии инсонҳои бедору худоогоҳ ва ватанпарвару миллатдӯст номумкин донистаанд.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як асолати маънавии халқ, симои дурахшони таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст, ки тӯлли ҳазоросолаҳо мавҷудияти онро нигоҳ дошт. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ин муқаддасотро монанди чор унсури ҳаётан муҳим нигоҳ дораду аз ҳаргуна манфиатҳои шахсӣ волотар гузорад. Имрӯз мардуми моро мебояд, ки дар омӯхтани худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар камари ҳиммат бандад, зеро сипари ҳар як миллат, пеш аз ҳама огоҳии ӯ аз “Кӣ будан” ва “Кӣ боқӣ мондан”-и он миллат вобастагии муҳим дорд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо баҳри ба дастоварии сулҳу оромӣ ва фардои нек нигоҳ дорад. Ин аст, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пуст.

Исмоилова М.М.,  мудири кафедраи Забони русӣ” – и

МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.