Мақолаҳо ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ¬- ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ Бо admin Охирин навсозӣ Jun 24, 2024 0 “Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст” Сулҳ ваҳдат баҳорест, баҳор оварад, Равнақи шодиву барор оварад. Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул- гул шукуфон мешавд ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳанги пеш меравад. Оре, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳад. Вожаи сулҳ ин якдигарфаҳмӣ , толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷассум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву покдомани ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. Маҳз ваҳдат аст, ки дар қалбҳо тамаддун офар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷддоии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд.” Маҳз бо шарофати ҳамин ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф менамоянд. Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд. Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла мо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромаҳояшон чунин гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд. Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ. Мирзокаримов Хуршед Чамшедович Мудири Кафедраи «Ташхиси лабораторӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан