Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА: ҲАМОИШИ СИЁСӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҳамоиши сиёсӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки бо дастуру супориши роҳбари муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор гардид, роҳбарияти муассиса, аз ҷумла муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ҷамъ омаданд. Чорабинӣ таҳти раёсати муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Қаюмов Ф.Ҷ. гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ оғоз гардид. Зимни суханронӣ муовини директор аҳаммияти ваҳдату ягонагиро барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва рафъи мушкилотҳо таъкид сохтанд. Қайд карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо санаи тақвимӣ, балки рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ мебошад, ки бояд асоси муваффақиятҳои минбаъдаи мо гардад.

Пас аз суханронии табрикотӣ муовини директор дар бораи аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ маърӯза намуданд. Суханронии ӯ пур аз далелҳои таърихӣ, маълумоти таҳлилӣ ва андешаҳои шахсӣ буд, ки ба шунавандагон имкон дод, ки моҳияти ин ҷашнро хубтар дарк кунанд.

Баъдан сухан ба мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Назарова Маърифат дода шуд. Назарова бо маърузаи худ оид ба моҳияти таҷлили ин санаи муҳим баромад намуданд. Суханронии у пурмазмун ва таъсирбахш буд. Маърузачӣ ба ҳозирин муроҷиат намуда, бо даъват ба ҳифзу таҳкими ваҳдат, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар, сарфи назар аз фарқияти фарҳангу анъанаҳо даъват карданд.

Сипаси байни маърузачиҳо ва ҳозирин мубодилаи афкор гузашта, бо ҳамин ҳамоиш дар вазъияти некбинӣ анҷом ёфт. Раҳбарият ба ҳамаи иштирокдорон изҳори сипос баён намуда, таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ рӯҳияи ваҳдат ва ҳамкориро дар муассисаи таълимии мо нигоҳ дошта ва густариш хоҳанд дод.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.