ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Санаи 26 июни соли ҷорӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида ва дастури роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар толори маҷлисгоҳи муассиса ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимон дар соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид, ки дар он муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо гирди ҳам омаданд. Тибқи нақша, дар ҷаласа ҳисоботи фаъолияти муассисаи таълими давоми шаш моҳи аввали соли 2024 манзури ҳозирин гардид. Ҳисоботе, ки аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ манзури ҳозирин гашт, маълумоти ҳамаҷонибаеро, ки ҷанбаҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимиро дар шаш моҳи охир инъикос менамуд, дар бар мегирифт.
Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Қаюмов Ф.Ҷ. оид ба дастовардҳо ва мушкилоте, ки айни замон мавҷуданд, тавзеҳот доданд. Ба чунин масъалаҳои муҳим, аз қабили фаъолияти донишҷӯён, ҷорӣ намудани технологияи нави таълим, натиҷаҳои корҳои илмӣ, инчунин вазъияти базаи моддию техникӣ дахл карда шуд.
Пас аз ироаи ҳисобот муҳокимаи фаъол сурат гирифт, ки дар рафти он иштирокчиён фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти таълимии коллеҷ баён намуданд. Иштирокчиён аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаи худ нақл намуда, ин имкон дод, ки дар бораи вазъи кунунӣ фаҳмиши мукаммалтар ташаккул ёбад.
Натиҷаи мубоҳиса мусбат буд: фаъолияти шашмоҳаи муассисаи таълимӣ қаноатбахш дониста шуд. Ин аз дараҷаи баланди ташкили ҷараёни таълим ва майлу хоҳиши коллектив ба такмили доимӣ шаҳодат медиҳад. Аммо, сарфи назар аз баҳои мусбат, иштироккунандагони ҷаласа зарурати кори минбаъдаро аз руи як қатор ҷиҳатхо қайд карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа дар назди ҳар як воҳиди сохторӣ вазифаву дастурҳои нав гузошта шуд. Дар байни онҳо ба соҳаҳои зерин диққати махсус дода шуд:
-
Бо рохи ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим баланд бардоштани дараҷаи омодасозии касбии донишҷӯён.
-
Мустаҳкам намудани базаи моддию техникии коллеҷ, аз ҷумла нав кардани маводи таълимӣ.
-
Рушди фаъолияти тадқиқотӣ ва ҳавасмандгардонии иштироки донишҷӯён дар лоиҳаҳои илмӣ.