ИЛМ ВА ҶОМЕА МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
(Чанд андеша дар ҳошияи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 Майи соли 2024)
Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, чораҳо меандешад. Маҳз бад-ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад. Ин ҳама тадбирандешиҳо аз татбиқи кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандон дарак медиҳад.
Бо ин мақсад дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёр муқаррар шудааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».
Тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ марсум буд.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки ҳамоно ба ҳукми анъана даромада истодааст, саршор аз далелу санадҳои илмӣ буда, ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши густурдаи таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол, баррасии дастовардҳои замони истиқлол ва дурнамои рушди он сарчашмаи арзишманд маҳсуб меёбад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат дар мулоқоти навбатӣ низ ба тамоми соҳаҳои илм ва маорифи кишвар дахл карда, дастовардҳо ва камбудию дурнамои рушди онҳоро муайян намуданд, ки минбаъд ногузир мавриди таваҷҷуҳ ва таҳқиқоти алоҳидаи донишмандони соҳа қарор хоҳанд гирифт.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар мулоқоти имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.
Илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар – дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.
Имрӯз барои дарёфт ва қадршиносии истеъдодҳои ҷавон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гузаронида мешаванд. Махсусан, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар масъалаи худшиносӣ ва тарбияи маърифати наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзишу мутолиа таҳаввулоти бузургеро ба амал овард. Озмунҳои мазкур ҳамчун падидаи бузурги маънавӣ таваҷҷуҳи волидонро низ дар ҷалби фарзандон ба омӯзиш бештар намуданд. Дар ин бобат, аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ биноҳои нави китобҳонаҳо бунёд ва талабот ба китобу китобхона зиёд гардидааст. Дар ин замина метавон аз иштироки донишҷӯёни равияи илмҳои дақиқу риёзии макотиби олии кишвар ёдовар шуд. Онҳо дар баробари хондан дар самтҳои гуногун ба мутолиа ва эҷодкорӣ таваҷҷуҳ доранд, ки ин, аз як тараф, ҷаҳонбиниву тафаккури онҳоро фарох намояд, аз ҷониби дигар, ба омилҳое чун кашфу ихтироъкорӣ замина фароҳам меорад. Чунки илмҳои дақиқ низ эҷодкориро талаб мекунанд. Барои пешниҳоди ғояи нави илмӣ ва кашфиёту ихтирооти замонавӣ имрӯз дарки фаҳмиш ва дониши фаровон зарур аст. Онҳо дар баробари фаъолияти амалӣ дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои техникиву иқтисодӣ ва тиббӣ пайваста ба омӯзишу мутолиа машғуланд, ки дар раванди таҳсили донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин тавр, Президенти мамлакат дар суханрониҳои хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба ҳама паҳлуҳои илм ва маориф дахл намуда, таваҷҷуҳи аҳли зиё, олимону адибон ва равшанфикрони кишварро бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои: ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.
Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Мунаваров Беҳруз Абдулазизович
Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,
ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”