Ҳангоми таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ дар пеши назари мо он рўзҳои даҳшатнок, нангину вазнин ва дилхарош ҷилвагар мегарданд. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин хуҷҷат дар таърихи навини мо ҳамчун санади тақдирсоз ва аз вартаи парокандагӣ наҷотдиҳандаи миллату кишварамон ҷойгоҳи сазовор дошта, рўзи ба имзо расидани он барои мо тоҷикон падидаест саид ва муқаддас, ки он онро бо як дилгармӣ мо ҷашн мегирем.
Ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим ва бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Агар дар бораи аҳамияти ин Созишномаи тақдирсоз гуфта гузарем, мо имрўз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати кўҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем. Маҳз барои ҳамин ҳар яки мо бояд ҳамеша ин неъмати гаронбаҳо ва муқаддас, яъне ваҳдати миллиро пос нигох дорем, ба қадри он расем ва барои тарбияи чавонони ватандусту ватанпарвар кўшиш намоем, то ки онҳо низ дар оянда ин гавҳари пурқиматро ҳифзу эҳтиёт карда тавонанд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки Ватани худро ҷавонмардонаву самимона дўст дорем, ҳифз намоем ва ба хотири рушду ободии он пайваста талош варзем. Дар он сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди ҳар фарди ҷомеаро ба ғояи ваҳдати миллӣ, истиклолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои созандаро муваффақона амалӣ созем.
Эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз ҳар яки мо риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва хулоса дар чорчўбаи қонун зистан ва фаъолият карданро талаб мекунад. Бинобар ин, ҳар шахси бонангу номус, ҳар фарде, ки бо Ватан ва Модари азизаш-Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунад, ҳама хизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибихтиёрамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотар гузоранд, зеро давлату ҷомеа ҳамеша ва дар ҳар давру замон ба эҳтирому арҷгузориии умумиллӣ ниёзманд мебошанд.