Мақолаҳо ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ Бо admin Охирин навсозӣ Jun 29, 2024 0 Ваҳдат ба маънои ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳмию поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар даврон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Вақте ваҳдат ҳукмфармост душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба мева медиҳад, аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгул мешукуфад иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд ва аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ пеш меравад. Ваҳдатӣ кишвар бақои ҷони мост, Парчами пирӯзии даврони мост. Бар муборакбодият шеър оварам, Ҳамватан, Ваҳдат лаби хандони мост. Бе ягон шубҳа имзои созишномаи сулҳу ваҳдат бузургтарин рӯйдоди таърихи ва дастоварди миллати сарбаланди мо мебошад. Ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсозро “Наҷоти миллат” ном мебаранд. Баҳри ба имзо расидани ин ҳуҷҷати нодир заҳматҳои пайвастаю беназири Роҳбари давлат ва дигар фарзандони ватанпарсату шоиста, оқилу фарзона, некному ҷонфидои миллату давлат бениҳоят бузург аст. Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоятии миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 ба имзо расид, умеди мо мардуми тоҷикро ба зинадгӣ дубора эҳё кард. Мардуми саргаштаю парешон ва ҷангзадаи мо аз парешонию дарбадарӣ ба худ омаданд ва зиндагии сазоворро пайдо намуданд. Дар ин робита Сарвари маҳбубамон ҳамеша чунин таъкид мекунанд: “Мо набояд он рӯзҳое, ки ба сари миллати тоҷик омада буд фаромӯш кунем, ҳамешагӣ ба қадри сулҳу суботи Ватанамон – Тоҷикистон бирасем ва аз он шукрона кунем”. Ваҳдатро метавон пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон номид, зеро аз мустаҳкамии ин пойдевор ояндаи миллати тоҷик сахт вобастагӣ дорад. Ба қавли шоир: Ба поси ҳастии расидаӣ, ваҳдат, Бақои пояи давлат расидаӣ, ваҳдат. Давлатов Ҷ.Ҷ. – мудири кафедраи «Ҷарроҳия» – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан