Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 12.09.2024. ҷаласаи машваратии назди директори муассиса бо иштироки муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М. ва ҳайати маъмурият, шуъбаву сохторҳо, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои шиносоӣ бо донишҷӯёни бахши якум, таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, аъзо намудани донишҷӯён ба китобхонаи муассиса ва Китохонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати қатъии навбатдорӣ дар хобгоҳ, назорати ҳолати донишҷӯёни дар хобгоҳ буда ва ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҷалб намудани онҳо, гузаронидани маҷлисҳои волидайни донишҷӯён,  ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳо, омодагӣ ба озмунҳои тахассусӣ ва ҷумҳуриявӣ, омодагиҳо ба чорабиниҳои сиёсӣ, ҳамчунин барои дар сатҳи баланд доир намудани “Рӯзи омӯзгор” ва “Рӯзи забони давлатӣ”, дар соатҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён расонидани нуқтаҳои асосии Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони илму маориф бахшида ба “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” баррасӣ гашта, баҳри  беҳбудии кор ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.