Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар

Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.

Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллоҳ.

Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Лоиқ Шералӣ.

Худшиносӣ яке аз арзишҳои эҷодкоронаи инсон аст. Зеро он дар ҳалли бунёдкорӣ инсонро ҳамсафар гардида, ба бузургдошти арзишҳои суннатӣ ҳидоят мекунад. Шинохтан пояи устуворест, ки ҳар миллат мавҷудияти худро дар канори хонаводаи миллатҳои мухталифи ҷаҳон барои эҳтиром нишон медиҳад. Санаи 13.09.2024 бо мақсади иҷроиши дастуру ҳоидоятҳои директори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корҳои тарбиявии аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқгардида тибқи ҷадвали дарсҳо аз тарафи омӯзгори кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ – сарпарасти гурӯҳҳо Азимова Машҳура соати тарбиявӣ дар мавзуи “Худшиносӣ аз шинохти худ сарчашма мегирад” дар гурӯҳҳои 305-309 факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9 ) гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.