Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАЗОРАТИ САРУ ЛИБОС, САНҶИШИ ДАВОМОТ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ 1-УМ

Субҳи санаи 14 сентябри соли 2024, баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бобати “Назорат, санҷиши давомоти донишҷӯён ба машғулиятҳо, ошноӣ аз шароити зисти донишҷӯён ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯёни бахши аввали факултетҳо” муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна ва сардори Шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин дар якҷоягӣ бо деканону мудирони кафедраҳои бинои таълимии 1-уми муассиса доир ба сару либос, лавозимоти хониш ва сари вақт ҳозиршавии донишҷӯён ба машғулиятҳо  санҷиш гузарониданд.

Зимни санҷишҳо бо донишҷӯёни факултетҳо дар алоҳидагӣ доир ба одоби салом, ҳурмати омӯзгорон ва калонсолон, сари вақт ҳозир гаштан ба машғулиятҳо, ба машғулиятҳо бо лавозимоти хониш ҳозир шудан, риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ”, одоби шаҳрнишинӣ, қоидаҳои санитарию гигиении синфхонаҳо, техникаи бехатарӣ, тозаву озода нигоҳ доштани роҳравҳои бинои таълимӣ, тарзи гузаштан аз роҳҳои мошингузар гуфта гузашта, ба донишҷӯён тавсияҳои муфиди саривақтӣ пешниҳод намуданд. Бояд қайд намуд, ки чунин санҷишу назорати давомот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар биноҳои таълимӣ пайваста гузаронида шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, ҳисси ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳо саҳми калон дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.