Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПЕШГИРИИ ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШИИ БА МИЛЛАТИ МО БЕГОНА ВА ПОС ДОШТАНИ ФАРҲАНГИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ АЗ ҶОНИБИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ 2-ЮМИ МУАССИСА

Чи тавре ки сухан ифодагари маданияти инсон аст, либоспӯшӣ низ таҷассумгари фарҳанги миллии мост. Халқи тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ дорад, одоби либоспӯшии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд, ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд ва метавон гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик либоси миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Баҳри пос доштани фарҳанги либоси миллӣ ва риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ , тибқи дастури роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва иҷроиши бандҳои нақша – чорабиниҳои қисми тарбия ҳар субҳ дар даромадгоҳҳои бинои таълимии муассиса пайваста бо донишҷӯдухтароне, ки бо либосҳои ғайритавсиявӣ ба машғулиятҳо ҳозир мегарданд, назорату санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар алоҳидагӣ ва ё ба таври гурӯҳӣ гузаронида мешавад.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён, санаи 14 сентбяри соли 2024 дар бинои таълимии 2-юми муассиса аз тарафи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М., Ҳасанова З. Ш раиси шурои занон ва духтарони коллеҷ, Гадоева Қ. декани факултети кори момодоягӣ, Фатихова З. Ҷ. декани факултети кори ҳамширагӣ (шабона) ва Қаландаров Н. мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.