Хабарҳо СОАТҲОИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ КОРИ ДАНДОНСОЗӢ ДАР МАВЗӮИ “ОМӮЗГОР РАВШАНИБАХШИ ҲАЁТ” Бо admin Охирин навсозӣ Sep 27, 2024 0 Дар асоси дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корҳои тарбиявии аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқшуда, тибқи ҷадвали дарсҳо, санаи 23.09.2024, аз тарафи омӯзгори кафедраи кори дандонсозӣ Шарифов Д.С. дар гурӯҳи 104 факултети кори дандонсозӣ (шабона) соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Омӯзгор равшанибахши ҳаёт” гузаронида шуд. Дар дарси тарбиявӣ мудири кафедраи кори дандонсозӣ, номзади илмҳои тиб Аҳмадзода М.А. ва омӯзгорони кафедра иштирок доштанд. Омӯзгор дарсро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.” — Эмомалӣ Раҳмон Устод Абдураҳмони Ҷомӣ низ эҳтироми устодро дар ҷойи аввал шуморида, мақому манзалаташро ҳам воло ҳисобидааст: “Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор.” Воқеан ҳам, ҳамин тавр аст. Агар дар зиндагӣ касе моро ҳидоятгар набошад, дар гирдобаш ғарқ мешавем, зеро ҷомеае, ки дар он бехирадонаш зиёданд, доимо хира ва торик аст. Ҳатто Пайғамбари мо низ бузургии устодро тавсиф кардаанд: “Падарон се навъанд: Он, ки воситаи офариниши туст, он ки туро зиннат дода (падарарӯс), ва он ки илмат омӯхта (омӯзгор).” Мо, агар ба мероси ниёгонамон назар кунем, ҳамеша устодро дар ҷои аввал мегузоранд ва ҳатто баъзе ҳақашро болотар аз падар медонанд: “Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст.” Эҳтироми муаллимро касоне ба ҷо меоранд, ки ба қадру манзалати илм мерасанд, зеро илм ҳидоятгари инсон аст — нурест, ки инсонро аз торикиву ҷаҳолат ба сӯи равшанӣ ва хушбахтӣ мебарад. Маҳз донистани илм сабаб мешавад, ки инсон неку бадро дарк кунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар мадди аввал гузошта, омӯзгоронро “захираҳои тиллоӣ” ҳисобидаанд. Воқеан, омӯзгор шахсияти бузургу пок аст, ки бо чароғи равшани илм олами моро нуронӣ мекунад ва дунёи пурасрори илмро мекушояд. Чунон ки шоире дар васфи устод чунин сурудааст: “Эй муаллим, хонаат обод бод, Синаат аз дарду ғам озод бод. Шамъи илми ман чароғон кардаӣ, Қасри ғамҳои ту бебунёд бод…” Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол ҳафтаи якуми моҳи октябр ба хотири қадрдонии меҳнати поку заҳматҳои устодон Рӯзи омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи устодон, ки машъали илму донишро фурӯзон медоранд, сазовори ин ид мебошанд. Дар ҷараёни дарс, донишҷӯён шеърҳо дар васфи устод қироат карданд. Дар анҷоми дарс, мудири кафедра, н.и.т. Аҳмадзода М.А., дар бораи мақому манзалати омӯзгор суханронӣ намуданд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан