Дар доираи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ва тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ, ки аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқ шудааст, дар асоси ҷадвали дарсӣ, соати тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи фармакология ва забони лотинӣ Шарифова Фарзона Қурбонқуловна бо донишҷӯёни факултети кори фармасевтӣ, бахши 3, гурӯҳи 301 баргузор гардид. Мавзӯи баррасишаванда “Худшиносӣ аз шинохтани худ сарчашма мегирад” буд.
Омӯзгор Шарифова Фарзона дар ҷараёни машғулият ба донишҷӯён таъкид намуд, ки худшиносӣ яке аз арзишҳои бунёдии инсон мебошад. Маҳз худшиносӣ инсонро ба бунёдкорӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Шинохтани худ ба ҳар миллат имконият медиҳад, ки худро дар миёни миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун як воҳиди боэҳтиром муаррифӣ кунад.
Мавзуи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар рушди шахсият ва пешрафти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Дар ин бора омӯзгор бо истифода аз шеъри машҳури Ҳофиз таъкид кард:
“Кӣ бошам ман? Маро аз ман хабар кун,
Чӣ маънӣ дорад, андар худ сафар кун.”
Ин байт баёнгари зарурати шинохти худ ва дарк намудани асолат ва арзишҳои шахсӣ мебошад. Ҳар фард бояд пеш аз шурӯъ ба ҳар гуна кор ё сафар, аввал ба даруни худ назар кунад, гузашта ва решаҳои худро омӯхта, онҳоро ҳамчун оинаи оянда истифода барад. Ин дарки худшиносӣ ба ҳар як инсон имконият медиҳад, ки рисолати худро дар ин зиндагии кӯтоҳ ва дар ҷомеа дуруст дарк намуда, бо тафаккури таҳлиливу танқидии худ, саҳми арзишманд гузорад.
Дар идомаи дарс, омӯзгор таъкид намуд, ки худшиносиву худогоҳии ҳар як фард аз маърифат ва тарбияи дуруст дар рӯҳияи миллӣ вобаста аст. Ҳар як миллат бо шахсиятҳои бо нангу номус ва ватандӯсташ рушд меёбад ва пеш меравад. Устод Лоҳутӣ дар ин бора гуфтааст:
“Тараққиёти ҳар миллат
Самар аз ҳиссашон бошад.
Талоше, ғайрате, ҳиссе,
Шумо ҳам миллатед охир!”
Барои расидан ба худшиносӣ ва асолати миллӣ, омӯхтани осори гузаштагон нақши бузург дорад. Танҳо дар осори онҳо метавон қимати ҳар як санги Ватанро дарк намуд. Миллате, ки таърихи худ ва нишебу фарозҳои онро медонад, метавонад барои ояндаи он талош варзад. Гузашта оинаи сабақ аст. Доим ёдовар будан аз таърихи миллат, урфу одат, одобу рафтор ва тамоми хусусиятҳои миллӣ, ҳамчунин кӯшиш барои ободии он нишонаи ҳақиқии худшиносӣ ва ватандорӣ мебошад.
Дар охир, омӯзгор бо донишҷӯён оид ба аҳамияти худшиносӣ ва худогоҳӣ дар рушди шахсият ва ҷомеа мубоҳиса орост ва онҳоро ба пайравӣ аз арзишҳои миллию фарҳангӣ даъват намуд.