ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК АСТ
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Забон воситаи муҳимтарини алоқа байни одамон мебошад. Ҷомеа ва забон дар як вақт пайдо шуда, пайдоиши ҳар ду ба меҳнат вобаста аст. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст. Инсон метавонад фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода кунад, аммо забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа, забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расидаанд.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишони миллати ман.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхатти олам буда, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст:
-
Забони форсии қадим.
-
Забони форсии миёна.
-
Забони форсии нав.