Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ МАМУРӢ ВА ХОҶАГӢ БО КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ХОҶАГИДОРИИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ №3

Санаи 27 – уми сентябри соли 2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. таҳти раёсати муовини директор оид ба корҳои мамурӣ ва хоҷагӣ Абдулҳақов Ҳ. бо кормандони қисми хоҷагидории бинои таълимии №3 ҷаласаи назоратӣ баргузор карда шуд, ки кори дар он тамоми кормандони қисми хоҷагидории бинои таълимии мазкур ширкат намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои интизоми меҳнати кормандон, ҳолати тозагии синфхонаҳои таълимӣ, ҳудуди бинои таълимӣ, саҳни муассиса, корҳои ободонию сабзкорӣ, омодагии қисми хоҷагидорӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024 – 2025 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.
Сухани ифтитоњиро бо шинос намудани масъалањои рўзномаи љаласа муовини директор оид ба корҳои мамурӣ ва хоҷагӣ Абдулҳақов Ҳ. оѓоз намуда, аз рўи масъалаҳои пешбинишуда суханронї кард.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки роҳбарияти МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ зери роҳбарии директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. дар партави ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию зебоӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва дилнишину хушманзар намудани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе талош менамоянд. Роҳбарияти МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигаҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 17-уми январи соли 2024 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст ва корбарӣ дар самти мазкур идома хоҳад ёфт.
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ дар баробари дигар идораву муассисаҳо Паёми Сарвари маҳбуби кишварро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯза қарор дода, дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф, кабудзоркуниву сарсабзгардонӣ ва ободкорӣ нақши муассир гузошта истодааст. Аз ин рӯ тозагию ободии ҳудуди муассиса аз ҳар як корманди техникӣ вобастагии аввалиндараҷа дорад. Бинобар ин мо бояд ҷавобан ба ҳамаи дастгириҳои давлату ҳукумат ва роҳбарияти коллеҷ талоши бештар намоем ва дар сабзу хуррамгардонии саҳни муассиса сашми арзанда гузорем.
Дар рафти ҷаласа ҳар як масъалаи ҷаласа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи фаврии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Инчунин аз ҷониби кормандон оиди ҳалли мушкилот таклифу пешниҳодҳо карда шуд.
Дар охири кори ҷаласа муовини директор бори дигар аҳли кормандонро ба меҳнати якдилона даъват намуда, ба онҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани Муассиса ба давраи зимистонгузаронии дар пеш истода супоришҳои дахлдор дода шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.