Мақолаҳо ЗАБОН – РУКНИ АСОСИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дўст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад. Эмомалӣ Раҳмон Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гўиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Имсол 33-солагии «Иди забон» ҷашн гирифта мешавад. Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрўзро ҳамчун «Рўзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Ин иқдом дар ҳамон замон саривақтӣ дониста шуд. Зеро коршиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад. Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре, ки устоди зиндаёд Бозор Собир гуфтаанд: …Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ, То наафтанд аз забони хештан. Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ, То наафтад бар замин қадри сухан… Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт. Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд. Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.» Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад. Усмонов Муродулло Ассисенти кафедраи Фанҳои таббиию риёзӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан