Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД (ФУТЗАЛ) БАЙНИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Санаи 27 – уми сентябри соли равон дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оғоз шуд.
Тибқи иҷроиши дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни муассиса ширкат намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи футболи футзал, мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, баланд бардоштани маҳорати фикронӣ ва муайян намудани чеҳраҳои нави ин навъи футбол ташкил ва баргузор карда мешавад.
Чорабиниро муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Давлатзода, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дониста шуда, дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мебозад.
“Санаи 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи 25 май эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул кард. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар кишвари мо варзиш, махсусан бозии футбол рушд карда, имрӯз футболбозони тоҷик дар дастаҳоҳои пешгоми дунё бозӣ мекунанд”, – иброз доштанд муовини якуми Раиси Кумита.
Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур бори дуюм бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва интихоби варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини Кумита аст.
Мусобиқа то 3 октябр идома карда, дар арафаи Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ беҳтаринҳо бо ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз мегарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.