Мақолаҳо ОМӮЗГОР РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ БАШАР Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин ба забон меорем, дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Расад ҷон бар лаби бечора устод, Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро ба рӯи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба воя расонад.Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад.Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонанду дунё тираву тор мегардид.Хуррам онест, ки сазовори номи бузурги ин касби пуршараф аст.Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд. Оре, пас мо шоҳиди он мешавем, ки инсон ҳам бе устод наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд.Зеро хоҳ фарзанд ,хоҳ шогирд агар дар ҷамъият шахсони намоён шуда ба воя расанд, албатта ин боиси фахри устод мегардад. Шогирд бояд ҳар ранҷу азоби устодро аз меҳру муҳаббати падар болотар ва азизтар гузорад. Ин маъниро дар сатрҳои зерини устоди зинданом Бадриддини Ҳилолӣ чунин мебинем: Ҳаққи устод аз падар беш аст, В – аз падар устод дар пеш аст. Омӯзгорӣ муҳре аст,ки аз рӯзи азал бо гили одами сиришта шудааст, то мардум аз таълимоти ҷаҳл ба нури доноӣ раҳнамун шавад. Боиси сарфарозист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳ октябр Рӯзи омӯзгор, яъне рӯзи арҷгузорӣ ба хидматҳову ранҷбурдаҳои муаллим таҷлил мегардад. Таҷлили рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонад. Дар воқеъ, омӯзгор роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавианд . Сарчашами ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфҳилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Агар армони меҳанро бихоҳӣ, Бидон аввал ту армони муаллим. Каму беши замонро рост кардан, Тавон танҳо ба мизони муаллим. Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгориро касб кардааст .Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист.Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муясар намешавад.Пас месазад, ки омӯзгорону устодон чунин боварие, ки нисбаташон доранд, бояд аз даст надиҳанд ва пайваста кӯшиш намоянд, ки саҳми худро боз ҳам бештар дар пешравии ҷомеа гузоранд. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Миҷгонаи Сайвалӣ Омӯзгори кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтии МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 0 Мубодила кардан