ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ПОЯИ МИЛЛАТ
(Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад)
“Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст,ки агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва ҳувияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ дар миёни забонҳои куҳна ва қадимии ҷаҳон яке аз забонҳои ширин ва ғанӣ ба шумор меравад. Далели ин сухан гузаштаи бой, миқдори фаровони луғот ва истилоҳот барои мавридҳои бешумори истифода аст, ки имкони баёни ҳар маъно ва мафҳумҳои моддӣ ва маънавиро ба қадри кофӣ фароҳам мекунад. Забони мо оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи миллати тоҷик бо ҳама саҳифаҳои дурахшон ва фаслҳои фоҷиабори он инъикос ёфтааст. Барои аҷдодони бо нангу номуси мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша якмаъно будааст. Боиси ифтихор аст, ки қофиласолори шеъри форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ низ аз ин диёр бархост. Ба ҳамин тариқ аз ҳамон ибтидои таърих яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ забон буд. Таърих гувоҳ аст, ки Сомониён барои сарбаландии миллат ва мамлакати худ дар роҳи истиқлоли фарҳангӣ, забонӣ ва илмӣ кӯшишҳо кардаанд. Барои ин осори гузаштагонро зинда кардаанд, китобҳои илмиро барои огоҳии ҳамватанони хеш аз забони арабӣ баргардондаанд. Барои шукуфоии забони модарии худ ҳеҷ гуна ёрӣ ва дастгириро дареғ надоштаанд.
Забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихӣ дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Баъд аз густариши дини мубини ислом дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр забони тоҷикӣ бар пояи забони паҳлавӣ ва забонҳову лаҳҷаҳои дигари маҳаллии ин сарзамин шакл гирифта, дар аҳди Сомониён ба мақоми забони расмии давлатдории тоҷикон расидааст. Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шӯҳрати бузурги ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст. Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ ҳисоб меёбад. “Шоҳнома” таҷассумгари забони шево ва тавонои форси дарии тоҷикӣ ва сабки содда ва зебои он дар оғози ташаккули ин забон маънӣ мешавад. Аз замони Сомониён забони тоҷикӣ дар марказҳои сиёсӣ ва адабиву фарҳангии давлати тоҷикон дар Мовароуннаҳру Хуросон рушди комил пайдо карда, ба сарзаминҳои дигар нуфузу густариш ёфтааст.
Дар замони шӯравӣ бо вуҷуди қадре маҳдуд будани доираи истифодаи забони тоҷикӣ корҳои ниҳоят муҳиму арзишманд барои навсозии забон анҷом дода шуд. Садҳо мактабу озмоишгоҳ, донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ташкил шуд ва усулҳои нави таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид. Бо роҳбарии устод Садриддин Айнӣ як зумра забоншиносон тарбия шуданд, ки минбаъд барои забони тоҷикӣ ва баррасии мушкилоти он корҳои шоёнеро анҷом доданд.
Мувофиқи маълумоти созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО забони форсӣ-тоҷикӣ ба қатори забонҳои маъмулу сернуфуз дохил мешавад ва бо ин забон зиёда аз 160 млн. нафар гуфтугӯ мекунанд. Барои зиёда аз 30 млн. нафар мардуми ғайри форсу тоҷик забони мо забони дуюми модариашон шуморида мешавад. Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, ҳамзамон ин рӯзро Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Рӯзи забон эълон кард. Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон соли 1998 хуб ёдоварӣ кардаанд: “ Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт”.Меъёр ва унсурҳое, ки дар қонуни мазкур буданд, дар солҳо баъд тақрибан иҷро шудаанд ва бинобар ин зарурияти такмил ва таҳрири ин қонун ба миён омад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ ниҳоят 1 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон қабул гардида, 3 октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд, сипас 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидааст. Ин рӯйдоди муҳим марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро ҷамъбаст кард. Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ тавре аз ном ва моҳияти он ҳувайдост, “ … вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд”. Дар Қонуни мазкур масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, риояи ҳатмии меъёрҳои забони адабӣ ва бисёре аз масъалаҳои муҳими дигар, ки барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар солҳои оянда пояҳои ҳуқуқии бунёдӣ таъмин менамояд, дарҷ шудааст.
Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандиҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.
Сулаймонова Ойҷонбӣ Ғуломовна – мудири кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтии МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ