Хабарҳо ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Омӯзгор роҳнамову роҳкушои аҳли башар мебошад. Омӯзгор тамоми ҳаёти худро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Омӯзгорӣ касби бениҳоят пуршараф аст. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор. Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Таҷлили рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ доранд. Дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тибқи нақшаи корҳои тарбиявии аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқкардашуда санаи 28.09.2024 дар кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети кори фарматсевтӣ бахшида ба рӯзи омӯзгор ҳамоиши идона таҳти унвони ” Омӯзгор – сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиши идона декани факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9) Ғафуров Ҳ.Н., мудири кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ Сулаймонова О.Ғ. , устодон ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Ҳамоиши идона бо қироати Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳамоиши идона аз барномаи зерин иборат ёфта буд: Маърӯза: “День учителя” дар иҷрои донишҷӯи курси 3-юми факултети кори фарматсевтӣ (баъди синфи 9) Ҳамидова Нозия, намоиши навори видеоӣ “Рӯзи омӯзгор муборак”, қироати шеърҳо дар васфи омӯзгор дар иҷрои донишҷӯён, маърӯза: “Омӯзгор – равшангари ҳаёти инсоният” дар иҷрои донишҷӯи курси 3- юми факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9) Шарипова Марҳамбӣ, саҳнаи тарбиявӣ дар иҷрои донишҷӯён, суруди “Ҷон Тоҷикистон” ва рақс дар иҷрои донишҷӯёни факултети кори фарматсевтӣ (баъди синфи 9). Барандаи ҳамоиши идона донишҷӯи курси 3- юми факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9) Нозияи Ҳотамҷон ва мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. дар васфи омӯзгорон суханҳои воло гуфта, онҳоро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд. Рӯзи омӯзгор ба ҳамаи омӯзгорони ҷумҳуриамон муборак бошад! Пеш 1 то 18 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан