Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДАВРИ СЕЮМ (ШАҲРӢ) – И ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” даври сеюми Озмуни мазкур дар қаламрави кишвар оғоз гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар пойтахт аз санаи 16 – уми сентябри соли 2024 оғоз гардида то санаи 23 – юми сентябри соли равон идома намуд. Дар даври мазкур устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки дар даври 2 – юми Озмун ғолиб омада буданд, аз рӯйи ҳамаи номинатсиҳо ширкат намуданд.
Санаи 28 – уми сентябри соли 2024 бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одизода Дилбар Раҳим ҳамзамон Раиси Комиссияи даври шаҳрии Озмун, маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ) – и Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Муассиса Таманнои Султон (номинатсияи география) ва Манижаи Обидҷон (номинатясияи биология) сазовори ҷойҳои намоён гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлати Шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯёни мазкур ба даври чорум (ҷумҳуриявӣ) – и Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” роҳхат гирифтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.