Хабарҳо ҚАДРДОНИИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат дар байни насли ҷавон, бахусус, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, санаи 28 – уми сентябр дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни муассиса Бекова Адиба, Холисамоҳи Ҷумахон ва Ҳалимзода Ёсуман барои иштироки фаъолона бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ шуданд. 0 Мубодила кардан