Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМӮЗГОР – РАВШАНГАРИ ДИЛҲОИ ИНСОНИЯТ

Агар аз дидгоҳи фалсафӣ ба шаъну шахсиятмандии омӯзгор андешаронӣ бинмоем, маҷозан омӯзгар табиби ақли инсон аст. Омӯзгор ақлҳоро пурра, чашми дилро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи пуршебу фарозро равон, забони лолро гӯё месозад. Омӯзгор рӯзу шаб роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад. Ба шогирдон бо заҳмати зиёд саводу таълим меомӯзад. Дар натиҷа, бо талошу заҳмати зиёд кӯдакро саводноку хушодоб менамояд. Кӯшишу заҳмати зиёд мекунад, то дар оянда насли наврас соҳиби истеъдод ва ҳунарманд гардад.
Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсияти муаллим фармудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Пешвои миллат ба омӯзгорон таваҷҷӯҳи махсус равона гардида, барои фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси сарфарозист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор, яъне рӯзи арҷгузорӣ ба хидматҳову ранҷбурдаҳои муаллим таҷлил мегардад.
Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Ба таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд. Ва хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Дар ин маврид низ Пешвои миллат дар ҷое иброз доштаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад.Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростин, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд.
Донишманд А. С. Макаренко дар хусуси ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва нақши ӯ дар пешрафти иҷтимоиёти ҷомеа, фармудааст: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нурест, ки дунёи маънавии шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси равонии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Устод бо машаққатҳои зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад ва ҳар илме, ки дар ҷавонӣ азбар мекунанд, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Лаҳзае, ки устод шогирди бо хуни дил парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби ӯ ба бузургӣ расидааст.Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгориро касб кардааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, одаме ё олиме сохт. Он лаҳзае, ки шогирди муаллим шахси донишвар мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ изҳори сипос мегӯяд, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеч гоҳ шарафманду комёб намегашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан,
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Ҷомеаи ҳушманд бояд пайваста дар фикри заҳматҳои кашидаи устодон бошад .
Хулоса, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муассир дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли зеҳнӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад.

Гирдакова Лутфия Авзаловна
Омӯзгори кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсетӣ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.