Мақолаҳо МАҚОМ ВА РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕА Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”. Эмомалӣ Раҳмон Агар дар ҷаҳон набвад Омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. (Ҷомӣ) Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 ~ 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад». Дар воқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад! Албатта, пешаи омӯзгорӣ таъмингари шуои илму маърифати ҷомеа аст. Ба ин мазмун, пешаи муаллимӣ ҳирфаест, ки таҷассумнамои ин гуфтаҳои мухтасар перомуни шахсиятанд. Муаллим шахси донишмандро гӯянд ва аз тавзеҳи классикии калимаи мазбур бармеояд, ки мазмун дар ҳарфҳои он нуҳуфтааст : ﻤﻌﻠﻢ – م -(мим)- маърифат, дониш, зеҳн…; ع -( айн) –ақл, хирад …; ل-( лом) – лафз; ﻢ -(мим) – маъно . Акнун шарҳи ҳарфҳои “ муаллим’’- ро дар риштаи тавсиф агар пешниҳод намоем: муаллим қувватбахшандаи нерӯи зеҳнии инсон буда, ба василаи маърифат, ақлу хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзи саршор аз муҳаббату маънӣ шахсро ба камолот мерасонад. Бояд гуфт, ки мақоми аҳли илм ва дониш дар таълимоти Исломӣ низ то ҷое баланд аст, ки Худованд онҳоро дар канори молик ва ё фариштагон зикр менамояд: (Қуръон сураи 3; ояти 18). Инчунин, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар ҳадиси Паёмбари ислом (с), ки дар китоби «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Ал-Бухорӣ оварда шудааст, доир ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа чунин зикр гардидааст, ки «Муаллимон беҳтарин одамонеанд, ки ба рӯи замин мераванд. Ба онҳо маош бидиҳед, зеро онҳо фарзандони Шуморо таълим медиҳанд ва бо ин восита Шуморо, падару модари Шуморо ва хешу ақрабоятонро аз оташи дӯзах раҳоӣ мебахшанд». Беҳуда нагуфаанд: Қадри устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст. Муҳаммади Риҷоӣ бошад зикр менамояд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад». Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ асосан аз ду самт ё, ки ҷанбаҳои муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба якдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат масъул аст. Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бошад, метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти касби омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд. Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Дуруст аст, ки агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбӣ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад. Чунин суханони руҳбаландкунанда дили ҳамаи мо, омӯзгоронро ба иҷрои рисолати касбӣ гармтар ва рағбати онҳоро дар роҳи таълиму тарбияи босифат ва рушд додани неруи зеҳнии миллат дучанд менамояд. Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор, Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор. Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон, Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон. Ғоибов Абдуғафор Худойдодович Омӯзгори кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсетӣ МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 0 Мубодила кардан